ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва бо ҳамин хел нияту бо ҳамин хел умед раёсати ҳизби демократӣ дар идораашон, ки ҳавлии иҷора буду як долону як хона дошт, рӯйи фарш палос партофтанд, ва ҳар яке аз хонааш як кӯрпаву як рӯпӯшу як болишт овард, қатор ҷогаҳ андохтанд ва ёнбош кашиданд, ки «мо гуруснашинии бемӯҳлат эълон мекунем, то вақте ки ҳукумат талабу шартҳойи моро иҷро бикунад». Ва умедвор буданд, ки чор тараф ба ташвишу таҳлука меафтанд, ва сару садоҳое баланд мешавад, ва аз ҳар тараф ба ёрии онҳо хабарнависҳо, ҳуқуқшиносҳо, сиёсатдонҳо меоянд, ва ҳукумат ноилоҷ мемонаду маҷбур мешавад, ки хосту дархости онҳоро ба инобат бигирад. Ва як рӯз гузашт, якуним рӯз гузашт, ва ғайр аз рӯзномаи худашон, дигар хабаре дар ҷое чоп нашуд, ва ғавғои байналмилалие нахест, ва касе дасти мадад дароз накард ва ҳукумат аслан эътиборе надод; ва онҳо боз якуним рӯзи дигар тоқат карданд, якуним рӯзи дигар обу шарбате, ки аҳли оилаашон меовард, ошомида ёнбош заданду хобиданд, ки боиси таваҷҷӯҳи хосу ом бишаванд, валекин аз хориҷу дохил таваҷҷӯҳе надиданд; ва рӯзи чаҳорум раисашон гуфт:
– Ин ҷо Ғарб нест, ки моҳият ва даҳшати гуруснашиниро фаҳманду ба ҳимояаш бархезанд. Ин ҷо Шарқ аст, сад гурусна дар пеши пояш бимирад, мижааш хам намехӯрад.
Ва хестанду ҷогаҳҳоро ғундоштанду хӯрданду риш тарошиданду галастук бастанду рафтанд ба майдон, ба назди микрофон, то ки ваъз бигӯянд аз бедории миллат, аз салоҳияти давлат, аз қабоҳати коммунистон, аз манфиати демократия… Ва дар майдон микрофон ба тадриҷ аз ихтиёри демократҳо ба ихтиёри исломиён мегузашт, ва ҳамонҳо хабар доданд, ки дар водии Вахш, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, одамони адолатхоҳ, бо шиорҳойи «озодии сухан», «интихоботи озод», «Дарди халқро кӣ дармон мекунад?» ба кӯчаву хиёбон баромаданд, ва дар майдони пеши бинойи ҳукумати вилоят митинг барпо карданӣ ҳастанд, ва хоҳиш доранд, ки аз пойтахт демократҳо биёянду иштирок бикунанд; ва ҳамон замон, аз минбару аз майдон, пешниҳодҳо шуд, ки фалониву фалониҳо бираванд, ва рӯҳи мардумро баланд бардоранд; ва панҷ нафар аз фаъолон, бо сардории Ҳайдар, аъзои раёсати ҳизби демократӣ, ба роҳ баромаданд, ки се нафарашон зодагони муҳоҷирони кӯҳистонӣ буданд, ки дар солҳои сивуму чилум падаронашонро кӯчонда ба Вахш овардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор