ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Ҳайдар дар митинг сухан гуфт, ки «ниҳоят халқи мо ҳам бедор шуд. Дигар ба тақдири худаш бепарво нест. Ба ҳамагуна беадолатӣ тоқат карда, бо сари хам дам ба дарун кашида, хап намешинад. Акнун ҳуқуқи худро шинохтааст.
Қадри худро медонад. Акнун ҳақашро талаб мекунад. Акнун барои рӯзгори серу пур, барои осудагии миллату давлат, барои ояндаи неки фарзандҳояш мубориза мебарад. Ба ин ҷо омадан, бо овози баланд дарду аламҳойи худро гуфтани шумо худ далели боэътимод аст, ки мо минбаъд ба ҳамагуна ҷабру ситам, ҳамагуна фиребу найранг тан намедиҳем».
Ва демократҳо Ҳайдару ёронашро бурданд ба ресторани лаби наҳр, ва зиёфат доданд, ва сипас, дар редаксияи газета вохӯрӣ бо журналистони вилоят шуд; ва ҳангоми аз редаксия баромадан Ҳайдар дид, ки Дилмурод дар он тарафи роҳ, сараш хам, пасу пеш қадам мезанад, ва аз афташ, касеро интизор аст. Ва Ҳайдар он тарафи роҳ гузашт, ва онҳо якдигарро оғӯш гирифтанд.
Ва Дилмурод Ҳайдарро ба ҳавлиаш, ба район бурд.
Ва дӯстон, мисли пештара, дӯстона сӯҳбат карданд, ва дар анҷом мисли душман не, албатта, лекин дилмонда ва бо андешаҳойи қариб хилоф аз якдигар ҷудо шуданд.
Ҳайдар аз воқеъаҳойи шаҳри Душанбе нақлҳо кард, ва ба рафтору кирдори ҳукуматдорон хандид, ки тамоман ғафлатзада будаанд, аз ҷаҳон бехабар, аз тағйиротҳойи сиёсиву иқтисодии солҳойи охир бехабар, бо ҳамон фаҳмишҳойи даврони коммунистияшон ғарқ; ва дар омади гап:
– Шуморо дар майдонҳо надидам?
– Ман дар он майдонҳо хар гум кардаам?!
– О, дар он ҷоҳо тақдири халқ ҳал мешавад. Наход, ба шумо дахле надорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор