Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кай боз ин қадар бепарво шудед?
– Тақдири халқ! Аз фаъолони майдони Душанбе, ки дам ба дам микрофонро мегиранд ва тартиботи сотсиалистиро наҳ мезананду маҳкум мекунанду дашном медиҳанд, ман, ба камаш, панҷоҳ нафарашонро мешиносам. Таҳту таризашонро нағз медонам. Ана, аз ҳамин панҷоҳ кас чилу ҳафт нафараш ҷинояткори аз таги дор гурехтагӣ. Дасташ қалб, дилаш қалб. Баду баттол. Қаллоб, ҷаллоб. Дар умрашон кори ҳалол накардаанд. Аз онҳо некие ба касе нарасидааст.
Фақат бадӣ. Фақат зарар. Агар тақдири халқ ба дасти ҳаминҳо бошад, оқибаташро тасаввур кардан чандон душворие надорад.
– Аз ҳизби коммунистӣ рӯ гардондед, ва якуним сол шуд, ки аъзои ҳизб нестед. Лекин коммунист барин гап мезанед. Гӯё намедонед, ки ғояҳои коммунистӣ ба сари халқи мо чӣ қадар балоҳо овард, чӣ қадар ситамҳо кард, ки то ҳол ҳисобу китоб нашудааст.
– Агар ҳалол кор кардану ҳалол зистан танҳо ғояи коммунистӣ бошад, ман ҳоло ҳам коммунист ҳастам. Аз ҳизби коммунистӣ баромаданам сабабҳойи дигар дорад.
Худатон ҳам медонед. Дар вақташ сӯҳбатҳо ҳам карда будем. Хулоса, вай эътироз ба ғояҳойи коммунистӣ набуд.
Эътироз ба коммунистоне буд, ки ғояҳойи коммунистиро фурӯхтанд. Арзон фурӯхтанд. Ба як табақ кабобу ба як қадаҳ шароб фурӯхтанд.
Баъд, ғояи адолати иҷтимойӣ ва эҳтироми қадру қимати Инсон соф хоси коммунистон нест. Як ҳолати табиӣ ва азаливу абадии фарзанди Одам аст. Инсон ҳамеша чунин орзу доштааст. Ҳамеша чунин хаёл дар сараш будаасту чарх мезадааст. Ниҳояташ ҳамин ки асосгузорони коммунизм ҳамин орзу, ҳамин хаёлро аз осмон ба замин фароварданд.
Аз гуфтан ба кардан оварданд. Бузургтарин кашфиёт карданд. Онҳо олим буданд. Ба ҷойи олимон омиҳо, ки ба сари қудрат омаданд, як амри воқеиро боз бо орзуву хаёл табдил доданд. Аниқтараш аз он ниқоб сохтанд. Ниқобро ба рӯ кашиданд. Дар паси ниқоб пӯшиданиву хӯрданиву нӯшиданиву мансаби худро таъмин карда гаштанд. Онҳо белати коммунистӣ доранд, фаҳму фаросати коммунистӣ надоранд.

пешина
аз 435
навбатӣ