ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Хуб, медонед, ки чунин аст, пас чаро чунон намекунед?
Ба майдон намеравед. Ҳамин суханҳоро ба мардум намегӯед.
Онҳоро дастгирӣ намекунед. Охир, халқ ба шӯр омадааст.
Ба кӯча баромадааст. Аз хушӣ набаромадааст. Аз зарурат, аз ночорӣ, кору борашонро партофта, шабу рӯз аз ҳукумат талаб мекунад, ки бесалоҳиятҳо ба истеъфо раванд. Ҳукуматро ба одамони ӯҳдабаро бидиҳанд. Вазиру вакилро чор коммунисти дар боло нишаста таъин накунанд. Ба раводиди халқ бимонанд. Халқ худаш интихоб бикунад, ки кадом кас меарзад ва кадомаш арзанда нест. Ё барои шумо фарқ надорад, ки кадомаш меояду кадомаш меравад?
– Фарқ дорад. Лекин ин хел корҳойи бузургро дар кӯча, бо ҳаёҳуйи авбошона иҷро намекунанд. Иҷро ҳам намешавад. Баракс, як мушкил даҳ мушкил мешавад. Ҳоли бад аз будаш бадтар мешавад.
– Яъне, ба фаҳмиши шумо, халоиқ дам дарун кашида хап бишинад. Агар овоз баланд кунаду дардашро гӯяд, кори нодуруст будаст. Ба зарари худаш будаст. Аҷаб фаҳмише?
– Не! Ман нагуфтам, ки мардум ба даҳон об гиранд. Ман гуфтам, ки ҳар кор шарту шароит дорад. Вақту соат дорад.
Онҳое, ки ба коре даст мезананд, бояд ки он шарту шароитро донанд, он вақту соатро шиносанд. Илова бар он, оқибати корашонро равшан бинанд. Ҳамту лапу тап намешавад ин корҳо.
– Корҳойи мо рапу тап?! Демократия лапу тап?! Оқибати ин муборизаҳо лапу тап?!
– Қариб ҳамин хел барин!.. Хом. Пухта не.
Ва дӯстон душман шуданд.
Ва минбаъд он қадар дӯстон ба ҳамдигар душман шуданд, ки… дар мавридаш мегӯем.
Ва Ҳайдар ба Душанбе баргашт, ба ҳалқаи демократҳо ва тӯдаи адолатхоҳи кӯчаву майдон, ки худашон худҳояшонро «беҳтарин фарзандони сарсупурдаи миллат» мегуфтанд, ва ин сарсупурдаҳо бо мисолҳо аз рӯзгор, аз иқтисоду хоҷагидорӣ, аз истифодаи маъданҳо, аз паст будани маърифат истибдоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор