Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳукумати шӯройиро исбот мекарданд; ва дар фуроварди сухан шиор мепартофтанд, ки президент ба истеъфо равад ва интихоботи ҳалоли оммавӣ барпо гардад; ва ҳарчанд ки замони ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна яксаду панҷоҳ сол пеш аз ин барҳам хӯрда буд, издиҳоми кӯча дод мезад:
– Озодӣ! Озодӣ! Озодӣ!..
Ва дар Қаср номенклатураи коммунистӣ сарҳисоби роҳбариро меҷустанду ёфта наметавонистанд, – на ягон роҳу равише меёфтанд, ки балвойи кӯчаро хобонанд ва на дилу гурдае доштанд, ки ба истеъфо бираванд.
Ва ҳар ду микрофон, – ҳам дар Кӯча ва ҳам дар Қаср, – аз номи халқ, ба манфиати халқ, ғазал мехонданд, ки шабу рӯз дар хобу бедорӣ, ғами халқро мехӯранд ва дар талош ҳастанд, ки халқ осудаву серу пуру беғам бошад; ва Шарафи деҳқон ба Неъмати харрот дар роҳи бозор, талху тунд гуфт, ки «ин даҳонмардон халқ, халқ мегӯянд, кирову чиро дар назар доранд!? Халқи онҳо кӣ бошад?» Ва Неъмат ҷавоб дод, ки «ба ҳар ҳол ману туро не, мо баринҳо ба ҳисоби онҳо намедароем».
Ва ҳамон халқе, ки микрофонҳо аз тақдираш ва аз эҳтиёҷаш ин қадар сӯхтаву пухта гап мезаданд, рӯзона нарху навойи осмонӣ ва бозору магазинҳойи нимхолӣ ва роҳҳойи бастаро дида, шаб дар хона ҳасрат мекарданд, ки «Худо ин балоҳоро кай аз сари мо мебардошта бошад!?»
Ва пирони паси пардаи издиҳоми кӯча Насрулло, Диёршоҳ, Фахрирекет ва Амиртаксӣ ҳар рӯз ду бор, – як бор сари субҳ ва як бор пас аз таъоми чошт, – ба воситаи вакилони хос дастур медоданд, ки кадом мавзӯъ ва кадом талаб ва кадом шиор дар даҳони тӯда бошад, – ва худашонро ба тӯда нишон намедоданд ва шарик буданашонро фош намекарданд; ва дар вақташ, ба умеди мансабе гирифтан аъзои фирқаи коммунистӣ шуда буданд, ва дар аризаашон навишта буданд, ки «дар сағирхона калон шудаанд, ва ё фарзанди коргар ё колхозчӣ ҳастанд», ва мансабҳойи хурду калоне ҳам гирифтанд, вале қонеъ набуданд, дилашон зиёдтарашро мехост; ва ҳоло вазъият дигар буд ва ҳизби коммунист аз даҳон монд, ва даҳону иштиҳойи онҳо кушода шуд, ва аз сафи коммунистҳо баромаданд ва дар сӯҳбат ба мухбирон мегуфтанд, ки «мо аз авлоди мирҳо, шайхҳо, заминдорҳо, эшонҳо ҳастем».

пешина
аз 435
навбатӣ