Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва номенклатураи Қаср маҷлисҳо даъват мекарданд, ки нисфаш меомаду нисфаш намеомад, ва қароре қабул намешуд; ва вакил мефиристониданд ба ҳукумати Кӯча, ё Кӯча вакил мефиристонд ба ҳукумати Қаср, ва рӯбарӯ гапгузаронӣ мекарданд, ва забон намеёфтанд, ва бо таҳқиру таҳдид аз якдигар ҷудо мешуданд; ва аз Қаср ки берун баромаданд, суханҳойи бо микрофон ба халқу аз номи халқ гуфтаашонро ғирт фаромӯш мекарданд; ва имконҳоеро, ки бозсозӣ ва моликияти хусусӣ додааст, ба муроди худу хешон истифода мебурданд, – раиси ягон кооператив мешуданд, корхонаи хурд мекушоданд, маркази тиҷорат таъсис медоданд, биржа месохтанд, бо хориҷиён корпоратсияи муштарак барпо мекарданд, ва … Ва зовуди равғани Қӯрғонтеппа корпоратсия шуд, ва раиси корпоратсия, бо ҳуҷҷатҳое, ки асбобу анҷоми зовуд куҳна шудааст, талаботи халқро таъмин карда наметавонад, аз хориҷа садақа пурсид, ки дар чунин рӯзҳойи душвор ба халқи дармонда дасти ёрӣ дароз бикунанд; ва хориҷиён ба зовуд як миллиону сесад ҳазор доллар қарз доданд, ки асбобу анҷом бихаред, халқро бо равған таъмин бикунед; ва раису ёронаш пулро гирифтанд, ва рӯмолу помбарху видеокамера бихариданд, ва аҳли хонаводаашонро пӯшониданд, ва хонаҳояшонро оро доданд, ва зиёдатиашро бозор бароварда бо нархи чакана бифрӯхтанд. Ва тарака кардани молу маноли давлат, молу маноли халқ дар идораҳо одат шуд.
Ва ҳар фарде, ки мансаб дошт, ба ғорат, ба ҷаллобӣ, ба қаллобӣ даст зад, – директори автобазаи райони Ҳисор бо директори комбинати бофандаи шаҳри Душанбе забон як карданд, ва автобаза аз комбинат суф мегирифт як метраш ҳаштоду ҳафт тин ва ба мардум мефурӯхт як метраш чилу ду сӯм; ва аз фойдаи муфт нону ош садақа медоданд ба майдоннишинон; ва роҳбари зовуди нуриҳойи Вахш бо нархи арзон ба фирмаи амрикойии ЭКСПО – инкорпорейтед ҳаждаҳ ҳазор тонна кармобид дод, ва зовуд як миллиону панҷсаду чилу ҳашт ҳазор доллар зарар дид, ва ин пулро сардорон ба кисаашон заданд; ва ҳатто раиси иттифоқи нависандагон аз се мошини Волга, ки давлат барои хидмат ройгон додааст, дутояшро шахсӣ кард, – бо андак музд ба номи худаш гузаронд ва дар бозор гарон фурӯхт; ва сармуҳаррирони ҳафтаномаву маҷалла, ки тобеъи ӯ буданд, Волгаҳойи идораро бозор бароварда фурӯхтанд, ки моли мост.

пешина
аз 435
навбатӣ