Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва демократҳо ва тӯдаи тарафдори озодиву адолату истеъфо, ки майдони назди бинойи ҳукуматро пур карда ҳалҳалаву валвала доштанд, ҷор меандохтанд, ки айби коммунистҳо, коммунистҳо гунаҳкоранд ба ин ҳама бедодгариҳо.
Ва «коммунисти матин, содиқ ба ғояҳойи илмии коммунизм ва фидоийи ҷомеъаи сотсиалистӣ ва ҳомии баробариву бародарии Инсон дар солҳойи ҳафтоду ҳаштод ҳам кам буд,
– навишт Дилмурод дар рӯзномааш баъди аз тафтишот фориғ шудан. – Лекин ба ин дараҷа не. Ҳоло дар як район, бисёри бисёр бошад ду-се нафар ёфт мешавад, ки ҳамонҳо ҳам обрӯву эътибор надоранд. Дар се район тафтиш гузаронидам. Ҷиноятҳойи иқтисодӣ. Бо маблағҳойи ниҳоят калон.
Яктоаш коммунист. Дутойи дигараш не. Ҳар сеяшро ба ҷавобгарӣ кашида натавонистам. Пушту паноҳи ин ғоратгарон роҳбарони район, вилоят, ҷумҳурӣ, вакилон дар Шӯройи Олӣ».
Ва фишори тӯдаи Кӯча ба номунклатураи Қаср меафзуду меафзуд ва баробари афзудани қувваи фишори даъвогарон талабҳояшон ҳам васеътар мешуд, – акнун онҳо фақат ба истеъфои Президент қонеъ набуданд, акнун даъво доштанд, ки роҳбарони ҳукумат пурра ба истеъфо бираванд, ва ҳарчи зудтар интихоботи демократӣ, интихоботи ҳалол барпо гардад.
Ва вакилони мардум дар Шӯройи Олӣ, ҳамон вакилоне, ки баъди бозсозӣ, бо усули демократӣ, дар муҳити райъдиҳии озоду ҳалол вакил интихоб шуданд, ва тақлидан ба Москов дар сессияи Шӯройи Олӣ котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, аз тарси балвойу даъвойи Кӯча ва бо тақлид ба Москов, дар сессияи Шӯройи Олӣ Президентро маҷбуран ба истеъфо фиристониданд.

пешина
аз 435
навбатӣ