Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва нахустин Президент, аз сивуми моҳи ноябри соли як ҳазору нуҳсаду навад то сиву якуми моҳи августи соли як ҳазору нуҳсаду наваду як, яъне даҳ моҳи нопурра, базӯр дошт дод.

3 Ва чаҳордаҳ нафар фарзанди машҳуру номашҳури миллат ба майдони интихобот даромаданд, ки «ман Президент шавам, ин мулки вайронро обод мекунам!»
Ва панҷ нафари онҳо ба тарафдории худ, ба қадри зарурӣ, имзойи мардумро ҷамъ оварда натавонистанд, ва ба рӯйхати номзадҳо дохил нашуданд.
Ва комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ нуҳ нафарро номнавис кард ва ба онҳо ҳуҷҷат дод, ки «шумо довталаб, ин майдону дави шумо».
Ва довталабҳо ситодҳо ташкил доданд, нуҳ ситод, ва ҳар як ситод гурӯҳи тарғиботиву роҳбар дошт, ки барномаи номзадро бояд ба мардум мерасонид ва шарҳу тавзеҳ медод, ки «ин номзад худаш кист?, дар куҷоҳо кор кардааст?, чӣ корҳо кардааст?, бо кадом далелҳо арзанда ҳаст, ки Президент бишавад?, ва Президент шавад ба миллату давлат чӣ хидматҳо мекунад?»
Ва мардум ба ин хел интихобот тайёр набуданд, одат ҳам накардаанд, – онҳо интихоботи зиёдеро аз сар гузаронидаанд, ва ба номзадҳойи бисёре райъ – овоз додаанд, ва медонанд, ки ҳо дар идораҳойи боло ҳал мешавад ин корҳо, ва номи ҳар касеро хоҳанд, ҳамонро менависанд, ва сураташро оварда, дар девор мечаспонанд, ва ҳуҷраеро оро медиҳанд, ва пардаҳоро мекашанд, ва сандуқ мемонанд, ва ту дар рӯзи муайян меравӣ, ва паспортатро нишон медиҳӣ, ва дар баробари номат нишона мегузоранд, ва варақе медиҳанд, ки ҳамон як ном навиштагӣ, ва ту варақро мегирӣ, паси парда меравӣ, ва дуқат мекунӣ ва мебаройӣ ва бурда ба сандуқ меандозӣ, ва тамом, вазифаат иҷро. Як сайре, ба мисли сайри рӯзи ид.

пешина
аз 435
навбатӣ