ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Валекин нуҳ одаму як ҷо?! Ин хелаш набуд. Дарди сари зиёдатӣ. Ба иду арафа монанд не.
Ва дарвоқеъ ҳам ин интихобот ба интихоботҳойи ҳафтод соли гузашта монанд набуд, – рӯҳи идона надошт, балки рӯҳаш ғазаболуд ва як навъ моҷаройӣ буд, ки «тарафи маро нагирӣ, пушаймон мешавӣ!»
Ва тарғибот ҳарчӣ бештар мешуд, нифоқ байни мардум ба ҳамон андоза меафзуд, – байни ситодҳо хусумат реша медавонд; рӯзномаҳо як номзадро ситоиш бикунанд, дигарашро таҳқир мекарданд; мардум инашро ҳам медиданду мехонданд, онашро ҳам медиданду мехонданд, ва дар таҳтулшуурашон асаре мегузошт, ва ғоибона якеро меписандиданду дигареро намеписандиданд; ва дар корхонаҳову ноҳияҳову вилоятҳо, бинобар маҳали таваллудашон, як номзадро хуш, бо нону намак ва бо эҳтирому тантана, қабулу гусел мекарданд; ва омадану рафтани дигаре боиси малоли хотиру табъи хира мешуд. Ва овозаи чунину чунон қабулу гуселҳо ба гӯши мардум мерасид ва мардуми як корхона аз мардуми корхонаи дигар, ва як ноҳия аз ноҳияи дигар, ва як вилоят аз вилояти дигар, дилмонда мешуданд.
Ва зоҳиран паҳнойи замину фазойи осмон аз лафзи адолату осудагӣ дар замони демократӣ лаб мезад, ва танқиду инкори даврони коммунистӣ ба авҷи аълояш мерасид.
Ва дар идораи прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа муфаттишон «аз бекорӣ – кадукорӣ» – гӯён, ба ҳарифонахӯрӣ машғул шуданд, ва ҳар рӯзи якшанбе як нафар, бо навбат, зиёфат медод, ва ҳар як зиёфатхӯрӣ як гапхӯрӣ ҳам дошт, ки ғолибан аз воқиаву ҳодисаҳойи рӯз баҳс мерафт.
Ва Дилмурод гуфт:
– Аз рӯяш гардам, озодӣ чизи хуб аст. Бебаҳост. Хусусан, озодии сухан. Беҳтар аз ин боз чӣ ҳаст?! Лекин даҳон бояд фаровез дошта бошад. Гӯянда бояд донад, ки чӣ мегӯяд, барои чӣ мегӯяд? Фикр карда гӯяд. Боодобона гӯяд. Ҳар чизе, ки ба даҳонаш биёяд, гуфтан гирад, даҳонаш бефаровез аст, ки ба озодии сухан ҳеҷ муносибате надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор