Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Озодии сухан имрӯзҳо гӯё, ки маъмул шуд, – давом дод Абӯсаид. – Ҳар забоневу як каломе. Ба наздикӣ ман ба як корафтода эрод гирифтам, ки «дурӯғ нагӯ, тӯҳмат накун». Вай вағғос даргирифт, ки «озодии сухан, ҳар чизе ки мехоҳам, мегӯям». Ба фаҳми вай ҳар гапе, ки барои сафед кардани худаш ва сиёҳ кардани рақибаш мегӯяд, озодии сухан ном дорад. Ана ҳамин хел фаҳмиш! Баъзе рӯзномаҳоро мехонам, радиоро гӯш мекунам, аз мақолаву сӯҳбатҳояшон бӯйи фаҳму фаросати ҳамон мардак меояд.
Ҷаббор розӣ нашуд:
– Воҳима мекунед. Пештар ҳар хел гапро дар рӯзнома наменавиштанд. Иҷозат ҳам намедоданд. Дар дили мардум дарду алами бисёре ҷамъ шудагӣ. Ҳоло ки фурсати гуфтан ёфтаанд, бигзор гӯянду дилашонро холӣ кунанд.
Чӣ айб дорад?
Дилмурод ҷавоб дод:
– Мо нагуфтем, ки дардашонро нагӯянд. Гуфтем, ки гапашонро дониста гӯянд. Озодии сухан ки шудааст, он озодиро саришта карда тавонанд, ки ба фитна, ба нифоқ, ба таъна, ба беодобӣ табдил наёбад.
Қодир шарик шуд:
– Урусо як зарбулмасал доранд: «слышит звон, не знает откуда он». Яъне садойи зангӯларо мешунавад, лекин намедонад, ки аз куҷо меояд. Демократҳойи мо шунидаанд, ки Амрико демократия дорад, ва дар Литва демократҳо ғолиб омадаанд, вале намедонанд, ки дар кадом муҳити фарҳангӣ ва кадом шарту шароити иқтисодиву сиёсиву иҷтимойӣ. Инҳо фақат ба зоҳираш тақлид мекунанд, вале аз мағзаш хабар надоранд. Озодии мулк ва озодии сухане, ки инҳо тарғиб мекунанд, рӯякӣ аст, пӯст аст, мағз надорад, бунёдаш суст. Баройи ҳамин бесару сомонӣ. Баройи ҳамин озодии мулкашон нифоқу низоъ ва озодии суханашон таҳқиру дашном.
Абӯсаид:
– Сахт гирифтед!
Дилмурод:

пешина
аз 435
навбатӣ