ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Жарф рафтед. Вазнин аст ин бор. Ба тарбия, ба анъана, ба бинишу дониш, ба хӯйу хислати халқ рафта мечаспад. То ҷое, ки ман медонам, тақлиди рӯякӣ, зоҳирро парастидан ва ботинро ғирт нодида гирифтан, аз дардҳойи куҳнаи мост. Кӯҳнаи куҳна.
Ва муфаттишон ҷониби Қасри маданият рафтанд, – дар он ҷо вохӯрӣ бо номзад мешавад.
Ва нуҳ номзад дар ҳамаи районҳо ҳамун хел вохӯриҳо мегузаронанд, ки мардумро ба нӯҳ марра тақсим бикунанд.
Ва ин нуҳ тақсим баробар ва марраҳо ҳамсанг набуд.
Ва аз нуҳ номзад ҳафт нафараш барномаи бамаънӣ надошт, ки боиси таваҷҷӯҳи гурӯҳи одамон бишавад, – як нафараш барнома нашр кард, ки «қад-қади ҳамаи рӯдҳо, наҳрҳо ва ҷӯву ҷӯчаҳо ниҳоли арар мешинонам. Дар се сол ниҳолҳо дарахт мешаванд. Ҷумҳурӣ минбаъд аз Сибир чӯбу тахта намекашонад». Ва дигараш ба ҷойи барнома дафтари суратҳойи ранга бароварду паҳн кард, ки «ман ятим калон шудаам. Ин суратҳо гувоҳ аст аз азобҳойи кашидаам, то ба дараҷаи роҳбари корхона расидам. Азобҳойи халқро медонам. Ба хушбахтӣ мерасонам. Чунон ки худам хушбахт шудам». Ва севумаш шиор партофт, ки «ҳар саре лоиқи тоҷи давлат нест. Саре мебояд, ки зебандаи чунин тоҷ бошад.
Ҳамон саре, ки шумо орзу доред, сари ман аст. Бовар накунед, ба сурати ман, ба сохти сари ман, зеҳн монед!».
Ва одамоне буданд, ки онҳоро тарафдорӣ мекарданд, ва каму андаке буданд, ба ҳар ҳол ёфт мешуданд аз ҷумлаи хешу табор ва ёри луқмаву пиёла ва коргари идора, ки ба интихобот на гармиашон мерасид ва на сардиашон.
Ва ду нафар довталаб барномаи мукаммалу муфассали сиёсиву иқтисодиву иҷтимойӣ доштанд, ва дар шакли рисола чоп карданд, ва ба ҳар ҷо барои вохӯрӣ раванд, бист нусхаву сӣ нусха ҳамроҳ мебурданд ва ба аҳли толор тақсим карда медоданд. Ва барномаҳо ба монанди кулли барномаҳойи инқилобиву табаддулотиву демократии дусад соли охир, саршор аз ғамхорӣ ба халқ ва ободии мулк ва рӯзгори хушу осуда буданд, ки дар тақлиди якдигар, вале бо ибораҳойи дигар, навишта шудаанд, ва то ҳоло дар рӯзгори рӯзмарраи Одам ҳаёти бешоҳу гадоро ҷомаи амал пӯшонида натавонистаанд, ва баракс, тухми душманӣ пошидаанду пошидаанд, ки хунрезиҳойи бисёри мудавомро бори гардани Инсон кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор