ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Валекин мардум ба он ваъдаҳо бовар мекарданд, ва имрӯз ҳам бовар мекунанд, чунки суханҳояш хушоянд аст, ба орзуву ормонҳойи Одам мувофиқ аст, ки аз дунболаш мераванд.
Ва ин ду Номзад одамони ба ину он дараҷа номдор буданд ва байни халқ шӯҳрату маҳбубияте доштанд; ва ситодҳояшон роҳбару мубаллиғони кордида ва ботаҷриба дошт. Ва ба ситоди яке мансабдорони микрофони якум ва ба ситоди дигаре мансабталабони микрофони дувум роҳбарӣ мекарданд; ва минбари яке микрофони Қаср буду минбари дигаре микрофони Кӯча; ва Номзади Қасрро тарбиядидаи даврони коммунистӣ медонистанд, ва Номзади Кӯчаро демократи равшанфикр мегуфтанд.
Ва мубаллиғони микрофони Қаср, дар варақаҳое, ки бо шумораи ҳазору ду ҳазор аз чоп мебароварданд; ва дар мақолаҳое, ки барои рӯзномаҳо менавиштанд, ва дар сӯҳбатҳое, ки дар радиову телевизион анҷом медоданд, аз роҳи тайкарда ва накӯкориҳойи Номзадашон ёдовар мешуданд, ки «Вай одами заминӣ аст. Заминро дӯст медорад.
Обод кардани заминро дӯст медорад. Обод кардани замин фаровонии ризқ аст. Фаровонии ризқ осудагӣ ва осоиши мардум аст. Мардум осудаву осоишта бошад, ватан ободу халқ шод мешавад. Вай як умр дар хидмати халқ аст. Вақте ки вазири вазорати кишоварзӣ буд, дар дӯконҳо як кило ангури кишмишро шонздаҳ тин мефурӯхтанд. Картошкаву пиёзу сабзӣ дар бозорҳо ғарам – ғарам рехтагӣ буд. Дар фермаҳо як гов қасир намемонд. Нақшаи солонаи ширу маска зиёди барзиёд иҷро мешуд. Вақте ки раиси шӯройи вазирон шуд, чандин заҳбур дар чандин совхозу колхоз канд, ки садҳо гектар замини кишт аз дасти ботлоқ раҳо ёфт.
Дар шаҳри Душанбе, ки як фаввораи гардон надошт, се фаввора сохт, ки шабу рӯз кор мекунад. Дар вақти котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буданаш, бо Москов сарокалла рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор