Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба бюройи сиёсӣ ва госплан гапашро гузаронд. Баройи обод кардани шаҳри Душанбе рухсат ва пул гирифт. Кордону ғайур аст ӯ. Ҳамин ғайрат ба Москов нафорид. Косалесони маҳалиро кор фармуданд. Ҳамон далели куҳна ва озмуда, – бадахлоқ аст, ба зану духтарони мардум бо чашми бад менигарад! – дастак шуд ва ӯро аз мансаб гирифтанд».
Ва бо ҳамин маъниҳо аз номи коргару деҳқони корхонаву колхозҳо мактуб менавиштанду менависонданду дар рӯзномаҳо чоп мекарданд.
Ва мубаллиғони микрофони Кӯча, илова ба варақаву рӯзномаву радиову телевизион, боз кино ҳам доштанд, ва дар маҷлисҳову вохӯриҳо аввал ҳозиронро ба тарҷумаи ҳолу касбу мақоми Номзадашон шинос мекарданд, ки «авлодан равшанфикр аст. Дар муҳити озодфикрӣ, ростгӯйӣ ва ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатёбӣ ба воя расидааст. Дар мактабҳойи олии Русия хондааст. Талаботи имрӯзаи ҳаётро хуб медонад.
Аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон бохабар аст. Нағз медонад, ки Тоҷикистон имрӯз, дар шароити дигаргуниву тағйиротҳойи бузурги охири асри бист, ба кадом роҳ бояд биравад, то ки ба манзили мурод бирасад. Вай вакили Тоҷиистон дар Шӯройи Олии СССР буд. Ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷикро дар он ҷо ҳимоя мекард. Бо демократҳо ҳамкориҳойи судманд дошт.Ҳоло ҳам дорад. Бо асосгузорони демократияи Русия ёру бародар аст. Худи Елтсин дасти ӯро борҳо фушурдааст. Ба фаъолияти оқилонааш баҳойи баланд додааст». Ва дар анҷом кино нишон медоданд, ки «бо чашми худ бубинед, ки вай ғайр аз дарди халқу ғами халқ, дигар дарду ғаме надорад».
Ва халқ ихтиёриву маҷбурӣ ба толорҳо мерафт. Ва дар вохӯриҳо иштирок мекард, ва суханони мубаллиғонро мешуниду намешунид, ва дилтанг мешуд, ки «кош тезтар тамом мекарданд, ки аз ҳама кору бори бечорагиамон мондем».
Ва дар масҷиди ҷомеъ, рӯзи намози ҷумъа, ки дар қатори намозгузорони доимӣ боз демократҳо ва коммунистони аз ҳизби коммунистӣ рӯгардонда ва ҳамагуна ҳаракатҳойи

пешина
аз 435
навбатӣ