ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
навбаромад, ки ҳар яке мардуми ину он мазҳабу маҳаланд ва авбошону сарсаригардону даҳонялаҳое, ки дар балвоҳойи кӯча фаъол буданд, ширкат доштанд, имомхатиб, баъди як вазъи пурэҳтироси «ватандӯстона», таҳдид кард:
– Дониста монед! Агар номзаде, ки мо пешбарӣ кардем, президент нашавад, мо силоҳ ба даст мегирем. Коммунистонро якто намонда нест мекунем. Давлати исломӣ месозем.
Ва сардори ситоди микрофони Қаср рафт ба ситоди микрофони Кӯча ва сардорашро ёфт, ва бо ӯ дар сӯҳбат нишаст, ва дар омади гап гила кард:
– Имомхатиби масҷиди ҷомеъ чунину чунон гуфтааст.
Шумо хабар доред?
– – Ҳеҷ хабаре надорам. Бояд овозаи дурӯғ бошад. Ҳеҷ одами ҳушёр чунин гапҳоро намегӯяд.
– Ман ҳам дар ҳамин ақидаам. Одами оқил ин хел суханҳоро намегӯяд. Лекин дар газетаҳо чоп шуд. Овонависаш ҳам ҳаст.
– Ба Қуръон қасам, ки намедонам.
– Шумо дар ин маърака аз мӯътабартарин одам ҳастед.
Қонуну қойидаро нағз медонед. Оқибати чунин даъватҳоро низ тасаввур карда метавонед. Як сухани ноҷо як мулкро вайрон мекунад, гуфтаанд. Ба муридонатон, алалхусус, ба мубаллиғон, як хотиррасон мекардед, ки ақалан дар арафаи интихобот фармудаҳойи конститутсияро риоя бикунанд.
– Ҳоло ҳозир конститутсия – понститутсия нест, як бесару сомонӣ. Ба ман бошад, дар ҳамин вазъият ҳар касе, ки президент шавад, дер намепояд. Баройи ҳамин Номзади шумоён гузарад, беҳтар. Ягон бало хезад, вай одами умрашро дидагӣ.
Ва тайёрӣ ба интихобот, аз рӯз ба рӯз, тезу тунд мешуд, ва дар байни мардум муносибату муколамаву мунозираҳойи соф демократӣ, ба тадриҷ оҳангҳойи дағаливу маҳаливу ҷудойиандозӣ мегирифт.
Ва Волдамир бо Насруллову Диёршоҳу Фахрирекету Амиртаксӣ вохӯриҳойи пинҳонӣ ва хоса мегузаронд, ва ба дастёрони зархариду муфташ пулу ваъда медод, ва мефармуд, ки дар куҷо ва дар кадом маврид ва дар байни кадом гурӯҳ кадом хабарҳоро паҳн бикунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор