ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва муфаттишон Дилмуроду Абӯсаиду Ҷаббору Қодир, бино бар арзу шикояти шаҳрвандон, ба фабрику зовуд, ба колхозу совхоз ва ба идораву муассисаҳо мерафтанд, ва тафтиш мекарданд, ва ҳуҷҷатҳо тартиб медоданд, ки «зовуди равғани Қӯрғонтеппа як миллиону сесаду ёздаҳ ҳазор доллар қарздор. Як миллион аз иттиҳодияи пахтатозакунӣ, панҷоҳ ҳазор аз зовуди пахтаи Шаҳритус, дусаду панҷоҳ ҳазор аз зовуди пахтаи шаҳраки Октябр ва ёздаҳ ҳазор аз совхоз-техникуми ба номи Куйбишев. Дар коғаз барои эҳтиёҷи зовуд қарз гирифтаанд, ки асбобу анҷоми нав мехаранд, вале дар амал корчаллону миёнаравҳо барои худҳошон мошину музикалний барин чизҳо харидаанд… Корхонаҳойи Тоҷикистон панҷ миллиону нуҳсаду наваду шаш ҳазор долларро бо ҳар баҳона, берун аз ҷумҳурӣ бароварданд, вале ба ивазаш ба Тоҷикистон як хас наовардаанд…
Роҳбарони «Тоҷиклегпромсирё» шонздаҳ ҳазор тонна пахтаро бист миллиону дусаду бисту панҷ ҳазор сум харида, ба як фирмаи Амрико ба доллар фурӯхта, ба мардум шаш миллион доллар зарар расонидаанд…» Ва аз чунин хиёнатҳову талаву тороҷҳо он қадар коғаз сиёҳ кардаанд, ки ҷевонҳо пур шудааст, аммо на прокурор мебинад, на суд. Бо умед ба президент, ба Шӯройи Вазирон ва ба раёсати Шӯройи Олӣ ҳам навиштанду ҳуҷҷат замима карданд, вале аз кулӯх садо мебарояду аз онҳо не. Ва муфаттишон ба худ душман зиёд мекарданд, ва аз дарду алами бесалоҳиятии давлатдорон ва беқонунӣ ва сарддиливу бепарвойии лаҷомдорон, мерафтанд ба чойхона, ба хӯрдани оши ҳарифона, ва май менӯшиданд, ва шикояту ҳасрат нуқлаш буд, ва худҳошон мегуфтанду худҳошон мешуниданд.
Ва ғайбатҳойи сари дастархони музофотиён, ки ба ину он мансаб расидаанд, вале аз ҷаҳонбинии деҳаву маҳал халос нашудаанд, ба берун, ба кӯчаву хиёбонҳо баромад, ва хусумату кинаҳойи пинҳонӣ ошкор шуд, ва роҳбарони ҳукумат, бино бар ҷойи таваллуд, барои гирифтани ҳокимият, дар талош афтоданд, ва вакилони Шӯройи Олӣ ба кӯҳистониву ҳамворӣ ҷудо гардиданд, ва таносубан, вазирону кумитаҳову олимону муаллимону раисону директорону мудирони анборҳову дӯконҳо ба тарафдории мансабдорони диёрашон бархостанд, ва…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор