ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Волдамир ба хоҷаҳояш рамзнавис кард, ки «Ба хурӯсҷанг қонеъ нестанд. Ба тагалҷанг тайёрӣ мебинанд.
Он тарафаш аз рӯйи нақша».
Ва нақшаро рӯҳдонону хислатшиносони ҳизбиву ҳарбӣ, ки вазъи иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатро худашон месохтанд ва ҳолу аҳволи ҳар як республикаро медонистанд, хеле пештар аз барҳам хӯрдани СССР, дар айни авҷи болоравии назарияи бозсозӣ ва демократия кашида буданд, ва аслан халқҳову давлатҳоро нифоқ андохтан ва балвойи дохиливу берунӣ хезондан, ва бо ҳамин баҳона ба ғасби ину он кишвар камар бастан, ва ба корҳойи дохилии он дахолат кардан, тарафи як гурӯҳи даргирро гирифтан, ва пулу силоҳ додан, ки «мо дӯсти шумоем, ободиву озодии шуморо мехоҳем, ба шумо дасти ёриву бародарӣ дароз мекунем» аз сиёсатҳойи маъмулу машҳури он давлатҳоест, ки дағдағаи ҷаҳонгирӣ доранд, ва ҳукмрони рӯйи замин шудан мехоҳанд, ва бо ҷомаи барра ба сарзамине маскан гирифта, баъд гургвор ба дарандагӣ машғул мешаванд, ва ҳамчун ғамхор муште садақа медиҳанду қатор-қатор хилворро ба ғорат мебаранд; ва чунин ҳилаву найрангро ба кор бурдаанду мебаранд, ва халқҳову давлатҳо аз сар гузаронидаанду мегузаронанд, валекин панд нашудааст ва хулоса набаровардаанд, ва ибрат нагирифтаанд; ва имрӯз, дар охири асри бист ҳам миллату давлатҳойи камқуввату беқувват ба доми макру ғадри онҳо меафтанд, ва молу мулку ҷон ба ғорат медиҳанд; ва ҳоло ҳам ақлашонро медузданд, сарваташонро медузданд, ва озодиву ихтиёрашонро медузданд, ватанашонро медузданд… Валекин ин камқуввату беқувватҳо лоф мезананд, ки чунин дӯсти боқудрат доранд, пушту паноҳ доранд.
Ва ҳангоме ки хавфу хатари пароканда шудани лагери сотсиалистӣ пеш омаду таҳдид кард, омӯхтанду тадқиқу таҳлил карданду тарҳи нигоҳ доштанашро кашиданд бо ҳамон услуби куҳна, вале барои ҳар як республика алоҳида, ки муносибу мувофиқи шарту шароит ва фаҳму фаросат ва рӯҳияи мардумаш бошад; ва хулоса карданд, ки барои Тоҷикистон нусхаи Чехословакия рост меояд, ва нусхаи Латвия низ натиҷа намедиҳад, ва ҳатто нусхаи Ӯзбакистон ҳам дар ин маврид қобили қабул нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор