ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва нишастанду нусхаи нав навиштанд, ки «Тоҷикистон се заминаи ба ҳамдигар мухолиф ва се манбаъи ҷангу ҷидол дорад:
миллӣ маҳаллӣ мазҳабӣ.
Ва аҳолӣ каму беш ба ҳамин се дард гирифтор, вале дар шаҳри Душанбе ва водии Вахш ҳамин се қувва мутамарказанд. Ёд доред? Бамавқеву бемавқеъ ҳукумати Тоҷикистон лоф мезад ва фахр мекард, ки дар шаҳри Душанбе панҷоҳ миллату халқият паҳлу ба паҳлуи якдигар кор мекунанд, ва дар хонаҳояшон ба панҷоҳ забон гап мезананд, ва дар як ҳавлӣ, дар як кӯча, дар маҳалла, дар ба дару девор ба девор бародарвору дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд; ва дар водии Вахш намояндаи бисту ду миллат даст ба даст дода аҳлона заҳмат мекашанд, ва ботлоқҳоро хушконда, найзору паттазорҳоро сӯзонда, ҷарҳоро бурида, талҳоро ҳамвор карда, як водии макони гургу рӯбоҳу шағолу мору гандумро, дар як муддати кӯтоҳ, ба водии боғу бӯстон табдил доданд, ки имрӯз водии зарнисор шудааст. Ва дӯстии халқҳо агар бошад, ки Ленин фармудааст, аз ин беҳтар намешавад, биёеду намунаашро дар шаҳри Душанбе ва водии Вахш бубинед!
Ва акнун ба мағзаш фурӯ равад! Панҷоҳ миллат, панҷоҳ урфу одат, ва боз илова бикунед, хусуматҳойи музофотии халқи бумиро, ва зам бикунед даъвову талошҳойи мазҳабиро… Бубинед, майдон барои кори мову мақсади мо он қадар васеъ, он қадар созгор аст, ки… Фақат моҳирона истифода бурдан даркор. Фақат донистан даркор, ки мағзи сар ҳар қадар торик бошад, ҷаҳлу ҷанг ҳамон қадар равшан мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор