ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Волдамир нақшаро моҳиронаву муғамбиронаву маккорона ҷомаи амал мепӯшонид, ва ба мағзҳойи сари торик пулу мол медод, ва мансабҳо ваъда мекард, ва шумораи онҳоро меафзуд, ва ба хурӯсҷанг медаровард, ва худаш аз дур истода тамошо мекард. Ва манзараи дар Сессияи Шӯройи Олӣ, аз тарафи вакилон, зери фишори микрофони Кӯча, зӯран ба истеъфо фиристодани президенти нахустинро, ки худашон интихоб карда буданд, тамошо кард; ва адолатхоҳиву адолатталабии навбаромадро, ки демократҳо бо шавқу шӯр микрофон гирифтанду ҳаводорони озодии суханро ҷамъ оварданду ба кӯчаву хиёбонҳо бароварданд, ва даъвоҳойи сиёсиву иқтисодиашон тӯлонӣ шуд, ва ҳар қадар кашол ёбад, мазҳабиҳо ҳамон қадар демократҳоро танг карда, берун бароварда, микрофонро худашон соҳиб мешуданд, тамошо кард; ва тамошо кард, ки Раиси Шӯройи Олӣ, ҳамзамон қоиммақоми президент бо телефон қозикалонро даъват кард, ва дар ҳузури раиси шӯройи вазирон ва демократҳойи машҳур ва роҳбарони ҳаракатҳойи мардумӣ, ба машварат нишаст:
– Қозидомулло, мо насиҳати шуморо гирифтем. Аз ҳизби коммунистӣ баромадем. Ариза додему баромадем.
Имрӯз коммунистҳо съезд доранд. Демократҳо мегӯянд, ки фаъолияти ҳизби коммунистиро манъ кунем. Молу мулкашро мусодира кунем. Фикри шуморо фаҳмем гуфтем.
– Ба фикри ман, фармон барореду манъ ва молу мулкашро мусодира кунед. Коммунистони содиқ, бигзор, думи ҳизбашонро дошта гарданд. Зиёда аз ҳафтод сол хуни моро макиданд бас. Пешвоёни динро куштанд, китобҳойи диниро сӯхтанд. Ҳоло худаш ниммурда. Фармон бароред, фаъолияташро манъ кунед, молу мулкашро мусодира кунед.
– Сару садоҳое ҳаст, ки манъ кардани ҳизб дар салоҳияту ваколати и.в. президент нест. Ин корро суд мекунад.
Қарори суди олӣ даркор аст.
– Дар доми назъ ҳар хел садо баромадан мегирад. Гӯш накунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор