ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Фармонро нависеду имзо монед. Ӯрӯш як имзо будаст. Имзо кунед. Худаш мурда истодааст. Аз ҳеҷ касу ҳеҷ чиз натарсед. Мо ҳамроҳатон. Мо дар паҳлӯятон.
Мард бошед. Ҳеҷгоҳ наҳаросед. Намемонем, ки ба поятон хоре халад.
Ва яке аз ҳаракатҳойи мардумӣ қоғазу қалам гирифт ва сатре чанд навишт, ва ба дасти и.в.президент дод.
Ва и.в. президент варақро гирифт ва аз Қаср баромад, ва ҷониби микрофони Кӯча рафт, ва лидерҳойи демократҳову мазҳабиҳову ҳаракати мардумиҳо аз дунболаш.
Ва анбӯҳи майдон онҳоро кафкӯбону ғалмағалкунону фарёдзанон пешвоз гирифтанд, ки шабоҳат ба бозии футбол дар ситадиони Бразилияро дошт; ва и.в. президент би минбар баромад ва микрофонро пеши даҳонаш овард:
– Рафиқони аҳли ислом! Ба шумо фармони и.в. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи қатъ намудани амалиёти ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат мекунам.
Ва анбӯҳи серҷунбиш ва сермағал ва серсадойи майдон як лаҳза ноҷунбон ва ором ва хомӯш истод, ва гӯш ба қимор шуд.
– Амалиёти ҳизби коммунистии Тоҷикистон, аз ҳамин рӯз баста ва молу мулкаш мусодира карда шавад.
Ва анбӯҳи хомӯши одам якбора таркид, бомбаи атомӣ барин таркид:
– Зинда бод Қаҳрамони миллат!
– Мо бо шумоем, ай мусулмони асил!
– Қасам ба қуръони маҷид, ки мо намегузорем аз сари шумо як тори мӯ кам шавад!
Ва маълум набуд, ки ҳамду сано гуфтанҳойи анбӯҳ боз чӣ қадар давом мекунад, лекин ба минбар рафтани раиси шаҳри Душанбе ва ба даст микрофон гирифтани ӯро дида, анбӯҳ як дараҷа ором шуд ва аз нав об ба даҳон гирифт, ва гӯшро фарох кушод. Ва раиси шаҳр, бо садойи мутантан, ва ваҷоҳати ғолибона, қарори комиҷроияи шаҳри Душанберо хонд, – ҳайкали Ленин аз майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе бардошта шавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор