Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва анбӯҳи майдон аз шодӣ ба рақс даромад, ва тоқӣ ба ҳаво партофтан ва куртаву куртка болойи сар бардошта алвонҷ додан мавҷ андар мавҷ мезад; ва васфи раиси шаҳр ва сифатҳойи мардонагӣ, нотарсӣ, халқдӯстӣ ва демократии ӯ, чун фаввораи ҳазору як чашма, аз ҳазорҳо даҳон баромада ба ҳаво мепечид…
Ва Волдамир аз тамошоҳойи кардааш хурсанд буд, ва ба ақли таҳлилгарону тарҳрезон қойил мешуд, ва аз кардаҳойи худаш мефахрид ва аз ҷидду ҷаҳди дастёрони пулакиву бепулу дунёбехабараш завқ мебурд, ва бо онҳое, ки мансаб ваъда кардааст, ваъдаҳойи нав ба нав медод, ки «манзили мурод наздик аст, боз андаке кӯшишу талош бикунанд», ва худаш тараддуд дошт ва нақшаи тагалҷангро мекашид.
Ва қасрнишинон, ки коммунисту демократ, дар талоши салтанат, сояи якдигарро аз девор метарошиданд, ва ҳар кадоме гумон дошт, ки оқил аст ва бо ақли худ кор мекунад, на бо ақлу хости дигарон, микрофони Қасрро саришта карда наметавонистанд.
Ва кӯчанишинон, ки дар паси пардаи демократия ва озодии виҷдону сухану матбуот, одамони дилхоҳашонро бардошта ба курсии мансабҳойи давлатӣ мешинонданд, ва аз номи адолати иҷтимойӣ, вале зери парчами мазҳабӣ, тарғибот мебурданд, ва фишор меоварданд, ки шӯройи олӣ дар сессияҳо кадом қарорро бароварад ва кадом қарорро бекор бикунад, инҳо ҳам чунин мепиндоштанд, ки ақлашон дар сарашон аст, на дар гӯшашон.
Ва мардуми ба як бурда нону ба як коса шӯрбо зору низор, ва ба расидани рӯзи орому осоишта ва роҳи бехатару бозори пурнеъмату хонаи гарм умедвору интизор, гумон доштанд, ки райъ диҳанду президент интихоб бикунанд, бесару сомониҳо барҳам мехӯрад ва рӯзгор ба тартиб медарояд; ва мерафтанду ба ҳавзаҳойи интихобот, ки овоз бидиҳанд.

4
Ва интихобот ҳам гузашт.

пешина
аз 435
навбатӣ