Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва номзади микрофони Қаср ғалаба кард.
Ва ғолиб назди Номзади микрофони Кӯча вакил фиристонид, ки:
– Биё, якҷоя кор бикунем. Ҳар мансабе ки бихоҳӣ, бигир.
Вай розӣ нашуд, ки:
– Ба ман, ғайр аз президентӣ, дигар мансаб даркор нест.
Ва президенти нав савганд хӯрд, ки манфиатҳойи халқу давлатро ҳимоя мекунад ва ба фармудаҳойи конститутсия содиқ хоҳад буд.
Ва дӯсту душман ӯро табрик карданд, – дӯстон бо одати маъмулӣ ва душманон бо оғӯшкашиҳову бӯсобӯси тӯлонӣ.
Ва ҳукумат нав шуд ва раиси парлумон ҳам нав шуд.
Ва микрофони Кӯча дар матбуоташ президенти навро таъриф кард, ки дар замонҳойи Раиси Шӯройи Вазирон ва котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буданаш, мисли дигарон, дастнигари Москов набуд. Мустақилона кор мекард. Ба кадрҳойи маҳаллӣ бештар эътибор медод.
Аз пайи ободии кишвар ва шаҳру деҳот буд. Ҳамин мустақилиаш сабаб шуд, ки коммунистон дар ҳаққаш ҷабрҳо карданд. Ҷазоҳо доданд. Намонданд, ки ба манфиати мулку миллат кор бикунад. Акнун ки дубора ба сари қудрат омад, ҷабрҳойи дидаашро ҷуброн мекунад. Аз таҷрибаи талхи рӯзгораш хулосаҳо мебарорад. Ноҳақиву беадолатиҳойи гузаштаро ислоҳ мекунад. Ба муроди дили худаш кор мекунад ва халқу ватанро ба манзили мурод мерасонад.
Ва дар Москов мероси ҳарбиву сипоҳу силоҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро тақсим мекарданд, ва ба Душанбе хабар расониданд, ки «биёед, ҳақатонро бигиред», ва Президент нарафт ва одам ҳам нафиристонид, ва ҳамту даҳонӣ, ба воситаи телефон, ҷавоб дод, ки «мо мустақил шудем, ба сипоҳу силоҳ эҳтиёҷ надорем. Хароҷоти зиёд ба кӣ даркор!?»
Ва сипоҳу силоҳе, ки дар Тоҷикистон буд, бардоштанду бурданд ба Русия.
Ва роҳбарони фиребгару ғоратгару бемасъулиятро ёфтану фош кардану оварда дар сессияҳойи Шӯройи Олӣ ҷавоб пурсидан ба расмият даромад, ки солҳойи пеш вакилони халқ ба чунин масъалаҳо ҳеҷ гоҳ машғул нашуда буданд; ва Дилмуроду Абӯсаиду Ҷаббору Қодир дигар вақти холӣ надоштанд, ки даридора хамёза кашида бинишинанд, дар кӯчаҳо ҳел-ҳел бигарданд, оши ҳарифонахӯрӣ бикунанд; онҳо ба кори худ дилгарм шуданд ва дафтарҳойи дар ғалладони мизҳо таҳ карда мондаашонро берун кашиданд ва ҳуҷчат тайёр мекарданд, ки акнун ҷойи муроҷиат мекардагӣ ҳаст ва ҷинояткорон ба ҷазо хоҳанд расид; ва ҷинояткорон, аз таг то болойи боло, реша давонда буданд ва шарику даҳонмаззаву даҳонбаставу пушту паноҳ доштанд, ва ҷамъулҷамъи онҳо, ба умеди мансабу ҷоҳу ҷалолу пулу моли бедарди миёни фардо, бо микрофони Кӯча додугирифт ва рафтуомад ва ҳамкории ошкору пинҳон доштанд; ва дар поёну боло кам шудани шумораи онҳо, (чунонки дар ду моҳ ҷойи гарми се нафари даркориро сард карданд), ба зарари фаъолияту манфиъати микрофони Кӯча буд, ва лидерҳояш безобита гардиданд ва диданд, ки Президент дидаву дониста хомӯш аст, ва рафтораш ба муроди дили онҳо нест, дар рӯзномаҳояшон аз карахтиву бефаъолиятии ӯ гап сар карданд, – дастнигари Москов буд, ба ҳамон рӯҳия хӯ гирифтааст, кори мустақилона аз дасташ намеояд; фаҳмишаш куҳна аст, аз навигариҳойи олам бехабар; майзада ҳам будаст, майнааш хушк шудааст…

пешина
аз 435
навбатӣ