Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва баъд аз як маҷлиси Шӯройи Олӣ вакили мардумӣ аз лидерҳойи микрофони Кӯча, ки Минбармасҷид лақаб дошт, ноиби президентро бурд ба ҷойи хилвате:
– Шумо тарафи мо гузаред. Ба мо ёрӣ диҳед. Президентро сарнагун кунем. Охир, то кай ин тоифа ба сари мо ҳукмронӣ мекунанд? Сарнагун мекунем. Ба ҷояш шуморо мемонем.
– Маро ба доми фиреб мекашонед. Инро рафта ба об гӯй!
– Розӣ нашавӣ, туро зинда ба зинда пӯст меканам!
– Ту?! Сояатро дар девор калон дидаӣ!

пешина
аз 435
навбатӣ