Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамту ки бошад, ба муҳокимаи ину он директор ва ину он вазир саратонро гарангу худатонро дар чашми мардум бад карда нагардед. Тарафи мо гузаред. Аз рӯйи қонун президентро танқид кунед. Аз ин лаванд халос шавем. Халос ки шудем, мо шуморо сари даст мебардорем.
– Бародар, мехоҳед, ки ман ба қонун хиёнат кунам? Не, накардаам ва намекунам!
– Дӯстам, аз мо ҷудо нашав. Дар акси ҳол пушаймонӣ суд надорад.
Ва дафтари аъмоли вазирро, бо тарафдории аксарияти вакилон, ба рӯзномаи сессия дохил карданд, ва қарор шуд, ки пурсиши вакилон ва ҷавоби вазир, ба воситаи телевизор ба мардум нишон дода шавад, то халқ бинаду донад, ки ғоратгаронаш киҳоянд; ва нишон доданд, ки вазир бо ранги рӯйи хокистарӣ ва лунҷҳойи овезон ва чашмони ба косахонаи сар фурӯ рафта айбномаро гӯш мекунад, ва дафтари аъмол варақ мегардаду варақ мегардад… Ва тамошобин Амиртаксӣ ба ваҷд омад: «Ҳо бачағаре, иштиҳош бад набудаст! Дар ним сол яксаду сиву нуҳ мошини хурду калони вазоратро фурӯхтааст. Се хона аз этажҳо, як ҳавлии сеошёна ва дута бӯстонсаро харидаст. Ним соли дигар кор кунад, вазоратро мефурӯшад. Шаҳрро харида мегирад».
Ва рӯзи дигар сари субҳ ҳамдиёрони вазир ба майдон ғун омаданд ва даъво карданд, ки «тӯҳмат аст, вазир ин хел одам нест, вай қурбони маҳалгаройӣ шудааст; ва дар охири рӯз демократҳо ба онҳо ҳамроҳ шуданд, ки «вазир демократ аст». Мо дар вақташ то Москов рафтем. Ҳатто Лигачиевро дар миёна даровардем, ки ин демократро вазир бикунем. Раиси парламон ҳамаи инро медонист.
Мазҳакае дар парламон барпо карданду ба халқ нишон доданд, фақат як мақсад дорад. Мақсади коммунистони парламон бадном кардани демократҳост. Парламони коммунистӣ ба истеъфо равад. Санги сари роҳи демократия нашавад. Мо минбаъд фақат бо президент гуфтугӯ хоҳем кард».
Ва фардойи он рӯз одамони мазҳабӣ пайдо шуданд ва ба ҳамдиёрони вазир ва демократҳо маслиҳат доданд:

пешина
аз 435
навбатӣ