Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз як рӯз дар майдон шӯру мағал бардошта истед.
Баъд одамони мо бо захираи хӯрду хӯрок, хайма ва тиру туфанг меоянд.
Ва одам ғун карданду асбобу анҷом оварданду майдони пеши қасри президент ва роҳҳойи онро пур карданду хайма заданду ҳангома бардоштанд:
– Мо аз истибдод сер шудем! Роҳи халосӣ демократия аст! Мо хоҳони демократия ҳастем!
– Хиёнаткорон донанд! Мо онҳоро маҳкум мекунем!
– Ҳукумати феълӣ ба истеъфо равад!
– Коммунистон душманони халқу миллатанд! Онҳо решаи фарҳанги моро сӯхтанд!
Ва микрофони Кӯча шабу рӯз кор мекард, ва рӯз ба рӯз садояш баландтару азмаш қавитар мешуд.
Ва микрофони Қаср ҳам шабу рӯз кор мекард, ва садояш аз рӯз ба рӯз заифтару сафаш парокандатар мешуд.
Ва Насруллову Диёршоҳу Фахрирекету Амиртаксӣ ҳар се рӯз як бор аз Волдамир супоришҳо мегирифтанд, ки ба куҷоҳо бираванд, бо киҳо вохӯранд ва кадом хабарҳойи росту дурӯғро бирасонанд, ва кадом овозаҳоро дар кадом рӯзномаҳо ба чоп бидиҳанд; ва ин ҳамели хабарбару хабарбиёр, мисли хайли мӯрча аз паси дона, бе танаффус дар рафтуомад буданд.
Ва дар кӯчаву майдон аз анбӯҳи одам дуд мерафт, – нотиқон нутқ мекарданд ва сомеъон «истеъфо» мегуфтанд, ва тӯдаи халқ рост истодааст ва нишастааст ва пасу пеш мегардад, каму зиёд мешуданд…
Ва даъвойи Кӯча ба Қаср аз вақт ба вақт тағйир меёфт, даҳ рӯз пеш аз ноӯҳдабаройӣ ва бефаъолиятии аъзойи ҳукумат ваъз мегуфтанд ва истеъфойи шӯрои вазиронро талаб мекарданд, ва дере нагузашта ба ин талаб истеъфойи парлумонро зам намуданд; ва дар рӯзи чаҳорум шарт монданд, ки раиси шӯройи вазирон дар ҷояш биистад, ва дар парлумон ҳам одамони ғами халқро мехӯрдагӣ ҳастанд, валекин бадкирдорие, ки вуҷуд дорад, кори раёсати шӯройи олӣ будааст, бинобар ин раёсати шӯройи олӣ ба истеъфо равад, ва намояндаҳойи демократ ба ҳайати раёсат дохил бишаванд; ва ниҳоят, ҳукумату парлумону раёсатро як тараф гузоштанд, ва домани шахсҳойи алоҳидаро доштанд, – раиси шӯройи олӣ ва прокурори генералӣ ба истеъфо раванд, чунки боиси ин ҳама бетартибӣ ва бесарусомониҳо онҳо ҳастанд, ва агар истеъфо бидиҳанд, об ба лаби ҷӯ баробар мешавад.

пешина
аз 435
навбатӣ