Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар шаҳри Душанбе, додари Москов, ва дар водии Вахш, водии зархез, ки «панҷоҳ халқияту миллат паҳлу ба паҳлу кору зиндагӣ мекарданд, ва ҳамчун беҳтарин намунаи сиёсати миллии лелинизм» васф мешуд ва ин дӯстии халқҳо мояи ифтихори «Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» дар арсаи ҷаҳон буд, дар як-якуним сол душманӣ дар байни мардум он қадар роиҷу равшан ба вуқӯъ пайваст, ки бегона он тараф истад, ҳамхун ба ҳамхунаш ва шавҳар ба занаш кина гирифт. Ва кӯчбандиву кӯчидан, ки ҳанӯз дар ҳангомаву балвоҳойи аввалини микрофони Кӯча сар шуда буд, дар шаҳри Душанбе ва водии Вахш, ба авҷи аълояш расид, – сокинони ин шаҳру ин водӣ, ба ҳукми аксарият, дар тӯли ҳафтоду ҳаштод сол, аз ҳар тараф омадаву кор ёфтаву бошанда шуда буданд, ва гумон доштанд, ки сокинони азаливу абадӣ ҳастанд, ва аз гӯшаи хотирашон намегузашт, ки рӯзе ба худиву бегона ҷудо мешаванд, ва ҳар хонавода ба макони бобову додояш паноҳ мебарад; ва ҳамон рӯз расид, – сокинони ин шаҳру ин водӣ як тану як ҷон шуда ба ҳимояи шаҳрашон ва водиашон камар набастанд, балки ба миллатҳову қавмҳову маҳалҳо ҷудо шуданд, ва ба дарду алами якдигар дармон шуданро лозим надонистанд, ва ҳар як рафтанд ба як роҳе.
Ва микрофони Кӯча истеъфо талаб мекард, ва дар масҷидҳо дар амри маъруф мегуфтанд, ки намозгузорон бояд ба майдони даъвойи демократҳо бираванд, ва ҳар касе наравад, занаш се талоқ аст, ва ба майдоннишинон ҳар шаб аз сад сӯм то дусад сӯм пул медоданд, ва бо ҳамин хел воситаҳо одами бисёр ғун меоварданд, то нишон бидиҳанд, ки «халқ ба по хестааст, халқ талаб мекунад, ба овози халқ гӯш кунед!»
Ва микрофони Қаср беҳуда кор мекард, – ягон чораи ба таъсире пешниҳод ва ягон масъала ба хубӣ таҳлил ва ягон қарори қатъие қабул намешуд.

пешина
аз 435
навбатӣ