ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар маҷлисҳойи фавриву таъҷилӣ, ки президент ширкат бикунад, сарвазир намеомад, ки «таб дорам, сарам дард мекунад», ва агар Сарвазир иштирок бикунад, Президент хабар мефиристонид, ки «дилам дард мекунад, зери капелнитса хобидаам». Ва аъзоёни раёсати шӯройи олӣ ҳалли ину он иқдомро, ба ҳар баҳона, файсал медоданд, ва дар фикру андешае буданд, ки «агар Раис ба истеъфо равад, мо ба кадом мансабҳо бояд бирасем».
Ва ҳар ду микрофон бе танаффус дар ҳаво аз ободии ватан ва беҳбуди рӯзгори халқ сухан мегуфтанд, ва дар замин ватан бесоҳиб ва рӯзгори халқ талх мешуд. Ва дар чунин талотуми мансабталошиву даъвойи табаддулоту зиндагии бенизому бесубот, авбошону дайдуҳову бесарупоҳо, дар шаҳрҳову шаҳрчаҳову саҳроҳо яккатоз буданд, ки «расидӣ, бигир ва ёфтӣ, ғанимат дон!» Ва мудирони магазинҳову анборҳову фермаҳо, ва маъмурони бонкҳову амонаткассаҳову хироҷгирон, ва ҳар шахсе, ки даст андар пулу молу сарвати халқу давлат дошт, ва тамаллуқкорона барои майдоннишинони микрофони Кӯча пайваста хӯрданиву ошомиданӣ меоварданд, ба иттифоқ аҳди беҳуҷҷат ва беовоза ва беэълоне бастанд, ки «сара хам кун, гапа кам кун, пула зам кун!» Ва аз шасту чаҳор ҳазор нафар муҳандисону мутахассисону роҳбароне, ки ҳукумати «хирадманди» Тоҷикистон дар бист соли охир ба фаҳми худашон, барои осон шудани душвориҳо аз ҷойҳои дигар даъват карда, оварда, мансаб додаанд, сесаду ҳафт нафараш дар роҳи оҳан навбат истодаанд, ки контейнер бигиранду кӯчашонро бор бикунанд; ва онҳо дар омади гап бо шиносҳо чанд луқмае радду бадал мекарданд, ки «то ҳоло ин мулк мулки биёву биёру бисозу бинишину бихӯр буд, акнун ин мулк мулки бигиру бигрезу бирав шудааст!»..
Ва пахтаи аз замин начинда, ва ғаллаву алафи нодаравида, ва картошкаву пиёзу харбузаву тарбузу сабзиву ҷувории аз саҳро нағундошта, ва меваи дар зери дарахтҳо пажмурдаву пӯсида ҳисобу китоб надошт, валекин, бинобар ҳисобу китоби Дилмурод, ба маблағи даҳ миллиард доллар асбобу анҷомҳойи нодири геологӣ, сохтмонӣ ва гидроологиро дуздиданду бурданд аз Тоҷикистон берун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор