ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар Душанбе, дар масҷиди ҷомеъи Ҳоҷӣ Яъқуб, дар ситоди марказии микрофони Кӯча, роҳбарони машҳуру номашҳур барқияҳоеро, ки ба ҳаводории онҳо аз масҷидҳойи Намангону Фарғона омадааст, мехонданду мешуниданд, ва шоду хурсанд буданд, ва ҳатто валвалаву тантана доштанд, ки муфтии Осиёи Миёна дусад ҳазор доллар ва ҷонишинаш сад ҳазор сӯм фиристониданд, ҳамчун ёрӣ ва дастгирии бародарона.
Ва дар нуздаҳ шабонарӯз пешсафони микрофони Қаср бо пешсафони микрофони Кӯча шаш маротиба дар як толор ғун омаданду сари мизи машварат нишастанд, ва шаш дафъа аҳд бастанд, ки:
Тағирот дар Қонуни матбуот бекор карда шавад.
Ба касе ҷазо дода нашавад.
Раиси Шӯройи Олӣ ба истеъфо равад.
Прокурори генералӣ истеъфо диҳад.
Раиси Кумитаи радио ва телевизион нав шавад.
Сессия ин масъалаҳоро бинад, ва натиҷаашро эълон бикунад.
Микрофони Кӯча ба кори сессия халал нарасонад.
Ва микрофони Кӯча шаш маротиба аҳдашро шикаст, – аз остонаи толор, ки берун баромад, он фикри дигар мекард, ва ба оқибати кор бовар надошт, ки вакилон ба чӣ хулосае меоянд ва чӣ қароре мебароранд; ва ба анбӯҳи майдон муколимаву мунозираи толорро чаппа шарҳ медод, ва бедодгариҳойи ҳафтодсолаи режими коммунистиро маҳкум мекард, ва беҳбудиҳойи сохтори демократиро васфандарвасф меафзуд; ва қарорҳойи алҳол қабул накардаи сессияро зери шубҳа мегузошт, ки аксари вакилонаш дастпарвари коммунистонанд.
Ва ба Шӯройи Олӣ фишор меовард.
Ва шаш бор сессия даъват карданд, валекин шаш бор ҳам кворум нашуд, сессия барпо нагардид.
Ва дар ин муддат дар атрофи микрофони Кӯча як даста нотиқону воизон пайдо шуданд, ва тарбия диданд, ва таҷриба андӯхтанд, ва ихтисос гирифтанд; ва акнун микрофони Кӯча, бар муқобилу мухолифи микрофони Қаср, сиёсатмадору иқтисоддону ҷомеашиносу ҳуқуқдону лашкаркашу шоиру мухбири хоси худро дошт, ва инҳо ҳар рӯз сечор бор ба минбар мебаромаданду ваъз мегуфтанд ва машҳур мешуданду лидер ном мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор