ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва анбӯҳи одамӣ, ки майдони пеши хонаи ҳукумат ва се кӯчаи онро лабрез кардаанд, ва нишаставу хеста ва рафтаву омада рӯз мегузаронанд, ва ғолибон ваҷоҳати мағрурона доранд; ва ёздаҳ нафар писару духтаре, ки дар зеҳи девор худро занҷирбанд кардаанд, ки тимсоли ҷабру ситами сиёсати коммунистиро нишон медиҳад; ва хайманишиноне, ки шоҳроҳро шаҳрча сохтаанд, ва дар пештоқи ду хаймаи наппа-нав ва аз дигар хаймаҳо паҳнтару баландтар дар коғази сафед бо ранги сиёҳ ва бо ҳарфҳойи калон-калон навиштаву часпонидаанд, ки «вакилони Шӯройи Олии СССР гуруснашинанд», ва «шайхҳойи бузургу эшонҳойи машҳур гуруснашинӣ эълон кардаанд», дар фуроварди сухани ҳар як мутахассис баланду лаванд овоз мебароварданд:
– Озодӣ! Истеъфо!
– Истеъфо! Оллоҳу акбар!
Ва сиёсатмадори навбаромад бо лаҳни омирона сухан гуфт, ва суханҳойи пешпареру пареру дирӯз гуфтаашро такрор кард, ва хулоса баровард:
– Ман гуфтам, дар ин ҷо гуфтам, дар Қӯрғонтеппа гуфтам, боз мегӯям. Мо роҳҳои ҳали сиёсии мушкилаҳоро пешниҳод кардем. Мӯҳлат ҳам додем. Ба такрор фаҳмондем. Мӯҳлат гузашт. Агар ҳукумат ба мо гӯш накунад, агар талабҳойи қатъии нерӯҳойи демократиро дар зудтарин фурсат қонеъ нагардонад, мо ба даст силоҳ мегирем.
Ҷанги гражданӣ мешавад, ё намешавад, мо ба он кор надорем.
Ва анбӯҳ вағғос зад:
– Оллоҳу акбар! Кор надорем!
Ва микрофонро олими ҳуқуқшинос ба даст гирифт, ва он қисми анбӯҳи одамӣ, ки ба минбар наздик рост истодаанд, ба ӯ чашм дӯхтанд ва гӯш фаро доданд; ва олим, барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор