Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зебаш, аз бартариҳойи демократия гап сар кард, ва бо иқтибос аз оятҳо ва ҳадисҳо суханашро тақвият дод, ва сифатҳойи истибдодиву маърифатсӯзиро хоси режими болшевикҳо донист, ки халқро аз фарҳанги аҷдодӣ ва миллиаш ҷудо кард, ва бемаърифатиҳойи имрӯза ҳосили ҳамон идеологияи бидъату бединӣ аст, ва роҳи савоб ин аст, ки мо ба асли худ баргардем, зеро ки:
– Ислом фақат аз намозу рӯза ва ибодат иборат нест.
Ислом ҳам дин, ҳам давлат, ҳам сиёсат, ҳам дунё ва ҳам охират аст.
Ва тӯда сар ҷунбонд, ва по кӯфт, ва қарсак зад, ва нидо баровард:
– Озодӣ! Хуни коммунистҳо ҳалол!
Ва профессор, ки пеш дар университет аз илми мантиқ ба забони урусӣ дарс медод, ва дар роҳравҳо донишҷӯён ба забони тоҷикӣ гап зананд, қаҳраш меомад ва коҳиш мекард, ки «бо забони ҳайвонӣ гап назанед!», ва баъди демократ шудан «забони миллат, бақойи миллат!» шиораш буд, ба анбӯҳ муроҷиат кард, ки:
– Мо интур гӯем, онҳо онтур мегӯянд. Мо онтур гӯем, онҳо интур мегӯянд. Мо забони якдигарро намефаҳмем.
Он коммунистон аслан забони одамиро намефаҳманд. Забони онҳо забони зӯрист. Ба онҳо бо забони худашон гап задан даркор. Бо зӯрӣ. Дигар сабру тоқат намондааст.
Косаи сабри халқ лабрез шудааст. Ба даст силоҳ мегирем, силоҳ!
Ва анбӯҳ ба ҷӯш омад:
– Нест бод коммунисту коммунизм!
– Силоҳ мегирем! Силоҳ!
Ва лашкаркаш ба минбар баромад:
– Фарзандони асили миллат шумо ҳастед. Миллату мулк аз шумо барин фарзандон фахр мекунад. Ифтихори имрӯзу фардойи Ватан ҳастед шумо. Мо ин рӯзи саидро понздаҳ сол аст, ки мунтазир будем. Понздаҳ сол заҳмат кашидем. Понздаҳ сол тайёрӣ дидем. Бо бародарони муҷоҳиди афғон иртиботи қавӣ дорем. Мо гурӯҳҳойи мусаллаҳ дорем. То алҳол бисту ҳафт ҳазор одам номнавис шудааст.

пешина
аз 435
навбатӣ