Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва фарзандони асили Ватан, ҷавонони дасту панҷаашон бақувват, ва бошандаву шунавандаи фаъоли майдон, худро мусаллаҳ тасаввур карданд, ва мушакҳойи китфу бозуяшон дамид, ва ба зӯрашон зӯр илова шуд.
Ва файласуф, ки бо раводиди ҳукумати шӯравӣ дар мадрасаҳойи Тошканд ва Урдун таълиму тарбия гирифта буд, ва солҳойи дароз барои Кумитаи амният ҳамчун суханчин(агенти махфӣ) хидмат мекард, ва акнун идеологи машҳури микрофони Кӯча шудааст, изҳороти лашкаркашро, дар суханрониаш обу ранги илмиву байналмилалӣ дод, ва иҷмолан, бақуввату решадор кард:
– Дар тарғиботи ғоявии ғарбиҳо ин таълимотро экстремистӣ мегӯянд. Дар худамон ҳам коммунистҳо чунин мегӯянд. Аммо дар асл ин хел нест. Ман аслашро медонам, ки мегӯям. Ба ҷаҳонбини ман ғояҳойи ташкилоти Ихвон-ул-муслимин таъсири ниҳоят калоне дорад. Ман пешвоёни ин ташкилотро дар силки файласуфони бузург меҳисобам.
Ва анбӯҳи одамӣ каф накӯфт ва садо набаровард ва карахт истод; аз афташ, ба маънои гуфтаҳо ва ишораҳойи файласуф чандон дуруст сарфаҳм нарафт.
Ва шоирро даъват карданд ба минбар, ва шоир дар васфу мадҳи лашкаркаш қасидае хонд, мутантан, бурро, таъсирбахш ва ровиёна хонд, ва анбӯҳи одамии андаке карахт аз нав ба шавқу шӯр омад ва ғалаён кард; ва худи шоир ҳам авҷ гирифт:
– Садсолаҳо қабл дар Руми бостон воизи бемисл буд, бо номи Ситсетрон. Баъди ӯ, чун ӯ, боз яке дар майдони микрофони Кӯча кашф шуд, ки он Ҳоҷӣ лашкаркаши мост.
Лашкаркаш мағзи гапро гуфт, ки фарзандони асили миллат шумоед. Тоҷики асил ва покиза шумоед. Аз ағбаи Шаршар он тараф тоҷики соф нест. Аз ағбаи Анзоб ун тараф умуман тоҷик нест.
Ва мурофиа барпо шуд, ва раиси шӯройи олӣ ва прокурори генералиро ғоибона суд карданд ва аз номи дину шариат ба онҳо ҳукми қатл бароварданд, ва дар тахтакоғазҳо сураташонро кашиданд, ва ба девор овехтанд ва ба дилашон ханҷар заданд; ва зодгоҳи ҳардуи онҳо аз ағбаи Анзоб ун тараф буд.

пешина
аз 435
навбатӣ