ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва микрофони Қаср ба Президент рутбаи ҳарбии генералполковник дод, ва генерал – полковник аз Шӯройи Олӣ талаб кард, ки «ҳуқуқ ва ваколатҳойи манро зиёд кунед!», ва Шӯройи Олӣ ҳуқуқу ваколатҳойи ӯро зиёд кард, ки дуҳокимиятиро барҳам бидиҳад, ва бетартибиву бесомониву бесоҳибиро батартибу басомону соҳибдор бикунад. Ва Президент, ҳамон касе, ки ҳангоми тақсими мероси ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳаққи Тоҷикистон даст кашид, ва гуфт, ки «мо ба сипоҳу силоҳ эҳтиёҷ надорем, зеро ки хароҷоташ зиёд, ва мо сенздаҳ миллион сӯм пулро аз кӯча меёбем?», фармон доду қарор баровард, –Горди миллӣ ташкил дода шавад, аз ҳафтсад сарбоз иборат, ва хароҷоташ ба маблағи сӣ миллион сӯм.
Ва микрофони Кӯча мартабаи лашкаркашро якбора ду баробар баланд бардошт, – аввал сарлашкар таъин кард ва баъд бо рутбаи генерал-армияи мардумӣ сарфароз намуд; ва генерали мардумӣ ба ташкилу такмили силоҳ машғул шуд, ва ба бӯзбалаҳойи бӯзбала рутбаи майёр, ва ба хушқаду қоматҳо рутбаи капитан, ва ба миёнаҳолҳо рутбаи лейтенант дод; ва ба дастаҳойи хурду калони сарбозҳо қумондон монд, ва тартиби сафкаширо муайян кард; ва бо навбат ҳар як дастаро ба як хаймаи калон бурд, ва ба дунбаи ҳар як сарбоз калимаи «фидойӣ»-ро доғ кард. Ва ба дасти қумондонҳо ва қисме аз сарбозҳо силоҳ дод, ва аз ҷумлаи силоҳдорон, як нафару ду нафар, вобаста ба мартабаашон, ҷондор барои лидерҳо муайян гардид, ва ин ҷондорҳо лидерҳоро ба хонаҳояшон мебурданд ва аз хонаҳояшон ба майдон меоварданд, ва аз ҷое ба ҷое бираванд, ҳамроҳиву муҳофизат мекарданд.
Ва сипоҳи микрофони Кӯча ҳар сари субҳ ва ҳар вақти шом, ҳар дастае сӣ нафар, дар шоҳроҳи шаҳр, ду соату се соат, ба машқи ҳарбу зарб машғул мешуданд; ва покӯбону дастандозон мерафтанд то институти педагогӣ ва меомаданд то магазини тилловорӣ, ва мерафтанду меомаданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор