ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ва фосила ба фосила наъра мекашиданд:
– Оллоҳу акбар! Оллоҳу акбар!
Ва сокинони кӯчаву гузарҳойи наздикро ваҳм пахш мекард.
Ва ҳукумат медиду намедид.
Ва милиса тамошобин буд.
Ва роҳдорӣ роҳи сарбозонро холӣ нигоҳ медошт.
Ва Президент бо сардорони идораҳойи қудратӣ дар машварат нишаст, ки тадбир чист? Ва прокурори генералӣ гуфт, ки ягона тадбир аз майдону кӯча холӣ кардани митингбозон аст. Охир, давлат конститутсия дорад, қонуну қоида дорад. Давлат бояд конститутсия ва қарору қонунҳояшро риоя бикунад, ҳимоя бикунад. Тадбир ҳамин ки қонуният ҷорӣ карда шавад. Роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо баста шавад. Давлат дар даруни давлат. Даруни Қаср як давлат, берун дар Кӯча давлати дигар. Парчам ҳам бардоштаанд. Халоиқ дар бенавойӣ. Роҳҳойи мардум бастагӣ.
Корхонаҳо кор намекунанд. Дар ҳама ҷо ғоратгарӣ… Ва комиссари ҳарбӣ луқма партофт:
– Ба ман бошад, бо чор мошини обкаш дар як соат майдонро холӣ мекунам. Фармон шавад, дар як соат рӯфта, шуста мепартоям.
Президент:
– Реаксия надиҳад? Як фикр карда дидан даркор.
Раиси кумитаи амният:
– Мо бетараф. Митинг кардан гиранд. Ҷойи тарс надорад.
Мушовири давлатӣ:
– То имрӯз ба сафи Горди миллӣ ягон кас дохил нашудааст.
Президент:
– Бо телевизор нишон доданд-ку? Сафкашӣ, қасамхӯрӣ ва қабули комиссияи давлатӣ, ҳамаашро дар телевизор нишон доданд-ку!?
Раиси кумитаи мудофиа:
– Нишон додем, лекин он сарбозон ду-серӯза кироя буданд. Аз дивизияи 201-уми Русия ва аз полки вазорати корҳойи дохилӣ аскар овардему нишон додем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор