ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Баройи тарсондани чашми митингбозон.
Прокурор:
– Бале ба шумо! Киро фиреб додед? Давлатро?! Дидаву дониста ва ё қасдан хиёнат кардед!
Раиси кумитаи мудофиа:
– Ба ғайри он сиву ҳафт мошини зиреҳпӯш харидем.
Наппа-нав, дар Қаратоғ истодааст.
Президент:
– Бекор истодааст?
– Ҳа, бекор. Ронанда надорад. Мутахассис наёфтем.
Президент ҷониби комиссари ҳарбӣ нигарист ва ӯ ҷавоб дод:
– Зиёда аз ҳазор афсари захира даъват кардем.
– Онҳо дар куҷоянд?
– Дар рӯйи хат.
Прокурор:
– Ин ҷо фақат хойин ҷамъ шудааст. Инҳоро ҳабс кардан даркор. Ба зиндон партофтан даркор.
Президент:
– Тез нашавед. Тез нашавед. Як фикр карда дидан даркор. Боз кӣ гуфтаниҳое дорад?
Раиси кумитаи сарҳадбонон:
– Аскари сарҳадбон ба мушкилаҳойи дохилӣ дахолат намекунад. Ин кори мо не. Вазифаи вазорати корҳойи дохилист.
Вазири вазорати корҳойи дохилӣ:
– Қисми зиёди милисаву аскару ОМОН ва дигар тобеъони вазорат аз ду-се воҳа ҳастанд. Мардуме, ки дар майдону кӯча истеъфо талаб мекунанд, низ аз ҳамон воҳаҳо ҳастанд. Ҳама хешу табор, ҳама ёру бародар, ҳама шиносу ошно. Ҳайрон мондаем. Чӣ кор карданамон равшан нест.
Президент:
– Фикр мекунем, мебинем. Як фикр кунем, омӯзем…
Ва вакилони Шӯройи Олии СССР, ки дар боли Бозсозӣ ва дар ҳавойи ошкорбаёниву интихоботи озод, вакил интихоб шуда буданд, ва алҳол на СССР вуҷуд дошту на шӯройи олиаш, ба Москов барқия болойи барқия мефиристониданд, ки «мо тарбиядидаи мактаби Шумо ҳастем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор