ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Баройи як ҳукумати демократӣ мубориза мебарем. Лекин қувваҳо нобаробар. Бе ёрӣ ва дастгирии шумо мушкил.
Вакилони коммунист дар Шӯройи Олии Тоҷикистон дар сухангӯиҳояшон пешвоёни демократия дар Иттиҳод ва дар Россияро танқид ва таҳқир мекунанд. Обрӯ ва эътиборашонро мерезонанд. Паст мезананд. Хойин ва хиёнаткор мегӯянд. Ба мо ёрӣ расонед. Ҳамагуна доду гирифти сиёсиву иқтисодиву ҳарбиро барҳам диҳед».
Ва ҳукумат ва Шӯройи Олии Тоҷикистон ҳам рӯ ба Москов овард, ки «ба барқияҳойи ба ном демократҳо бовар накунед. Инҳо дурӯғ мегӯянд. Мо ҳам тарафдори демократия ҳастем. Демократияро касе таъқиб ва буғӣ накардааст.
Инҳо экстримист ҳастанд. Фурсат намедиҳанд, ки ҳукумат кори демократияшро пеш барад. Ба низом оварад. Мо дӯстии халқҳоро эҳтиром мекардем ва минбаъд ҳам эҳтиром мекунем».
Ва Москов на ба инаш ҷавоб дод, ва на ба ваяш.
Ва микрофони Кӯча шиорҳойи Озодӣ, Озодийи матбуот, тартиботи демократӣ, интихоботи беғиромӣ ва амсоли инро ба тадриҷ фаромӯш кард; ва панҷ рӯз аст, ки нидоҳойи Ҷиҳод! Инқилоб! Ё марг ё ғалаба! микрофону майдону кӯчаҳоро пур кардааст; ва сарлашкар сипоҳашро то нисфҳойи шаб машқ медод, ва сипоҳиён дар шоҳроҳи шаҳр баробару бозарба қадам мезаданд, ва боло мерафтанду поён меомаданд, ва аз як забон «оллоҳу акбар!» мегуфтанд; ва дар гирди сарҳо як тасма латта баста «фидойӣ» навиштанд; ва шаҳр дар тасарруф ва ба ихтиёри онҳо буд, ва фақат онҳо дар ҳар ҷое хоҳанд, озодонаву дилпурона рафтуомад доштанд, ва ҳар чизеро хоҳанд, мегирифтанд, ва ҳар дареро лозим донанд, мешикастанд, ва ҳар мошине маъқул шавад, ба худ ҳалол медонистанд, ва ҳар касе ба назарашон нафорад, лагадкӯб мекарданд; ва як дастаи дувоздаҳнафара ба тарабхонаи Лаклаки сафед даромаданд, ва як деги маърака оши палавро хӯрданд, ва бист шиша оби газдору шарбати анору арақи гандумро нӯшиданд, ва ба пешхидмат музди таому шароб надоданд; ва пешхидмат ба мудир шикоят бурд, ва мудир берун баромад назди онҳо, ки «сардор, ба хайр аст?», ва сардор бо хандаи безебе гуфт, ки «пулашро пагоҳ оварда медиҳем», ва пагоҳ оварданд як лифофаи сарбаста ва доданд ба мудир, ва мудир кушоду дид, ки дар дарунаш ду гӯши хунолуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор