Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва фидоиён аз машқ ба амал гузаштанд, – бо як оллоҳу акбар ҳуҷум оварданд ва ба қасри ҳукумат даромаданд, ва идораҳойи ҳукуматиро гирифтанд ва ба лидерҳо тақсим карда доданд, ва ситоди Кӯча ба Қаср кӯчид; ва Президентро кумитаи амнияти миллӣ гурезонд ва дар бинойи кумита паноҳгоҳ дод. Ва рӯзи дигар, шомолуд, гурӯҳи мусаллаҳ ба иморати шӯройи олӣ даромаданд ва ҳабдаҳ нафар вакилро гаравгон гирифтанд; ва ҳамон шаб дар аэропорт чанд мансабдореро, ки ба вилоятҳояшон мерафтанд, дастгир карда, бо кӯчаи Дӯстии халқҳо ба таҳхонаи театри Лоҳутӣ оварданд; ва Лидере бо ҳаждаҳ ҷондораш ба идораи Раиси Шӯройи Олӣ рафт, ва посбонон ӯро бо эҳтирому икром пешвоз гирифтанд, ва ӯ ба раис ултиматум монд:
– Мехоҳед, ки вакилон ба бинойи шӯройи олӣ зиндаву саломат баргарданд?!
– Мехоҳам!
– Пас, бечуну чаро, истеъфо диҳед!
– Ман истеъфо додам! Вакилонро озод кунед!

Ва Дилмурод дар Қӯрғонтеппа бекор монд. Ин тараф
рафт, он тараф рафт, ҷойи кор наёфт, ва ягон ташкилоти
давлатӣ кори бонизом ҳам надошт, – на кумитаи иҷроияи
вилоят, на милисаву суду прокуратура; ва мошини Жигулиашро чорта авбош дар роҳ кашида гирифтанд, ва
гӯшаш садо дода буд, ки арбобони соҳаи савдо, дар як
зиёфатхӯрӣ, гуфтаанд, ки «вай тоҷики асил нест. Мо,
кӯҳистониҳоро, бад мебинад. Фурсаташ расад, хонаашро
алов сар додан даркор». Ва ҳамон рӯзҳо Қодир Душанбе рафта омад, ва хабар овард, ки «бачаҳо адвокатура ташкил кардаанд.

пешина
аз 435
навбатӣ