Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Адвокат1 даркор будаст». Ва бо маслиҳат Қодир зану бачаҳояшро райони Сариосиё, деҳаи Нилӯ, хонаи падарарӯсаш ва Дилмурод ба Дарвоз назди бобояшон фиристод, ва худҳошон қатори гурезаҳо ба шаҳри Душанбе омаданд; ва шаҳр аз гуреза лаб мезад, – аз Душанбе фирор мекарданд ба шаҳру деҳоти бобоиву додойӣ, ва берун аз ҷумҳурӣ ба Ӯзбакистону Қирғизистону Қазоқистону Русияву Олмону Изроил, ва аз Вахшу Қубодиёну Шаҳритӯс фирор мекарданд ба шаҳри Душанбе. Ва хонафурӯшиву хонахарӣ монанди бозори сермолу камхаридор шуд; ва дар сояи талотӯпи кӯчбариву кӯчбиёрӣ аз районҳои гирду атрофи шаҳр хел-хел одами бехонаву дар ва бекору бекорагард, ба шаҳр фурӯ мерехт; ва пулдорҳо, чӣ шаҳриву чӣ деҳотӣ хонаҳоро қариб муфт мехариданд, ва бепулҳо кӯчу борашонро дар ҳавлии хобгоҳҳойи холӣ мондаи заводу фабрикҳо мефуроварданд, ва лашулушашонро дар айвончаҳову тирезаҳо меовехтанд; ва оштону танӯр месохтанд, ва асбобҳойи чӯбии майдончаҳойи бозии бачаҳо ва симчӯбҳо ва дару тирезаҳойи корхонаҳойи бесоҳибро меканданд, мешикастанд, месӯхтанд; ва аз деҳоти бемабраз омадагиҳо дар паси дарахтҳо, хамгашти кӯчаҳо, пушти сутунҳо қазойи ҳоҷат мекарданд.
Ва дар дили шаҳр, дар ду майдон, ду микрофон бетанаффус кор мекард, ки яке таҷрибадор ва дигаре навтаҷриба буд, – микрофони майдони Шаҳидон чилу нӯҳ рӯз боз талаби озодиву истеъфо дошт, ва микрофони майдони Озодӣ нав се рӯз шудааст, ки ба тарафдории ҳукумат овоз баланд мекард. Ва чунин садоҳо пештар ҳам буд, – мардуме, ки қарорҳойи шӯройи олӣ, дигар кардани сарвазир, нав кардани раиси шӯройи олӣ ва ба аъзойи раёсати шӯройи олӣ интихоб шудани одамони микрофони Кӯча розӣ набуданд, ва он қарорҳоро ғайриқонунӣ медонистанд, дар район, ё дар шаҳрашон маҷлисҳо мегузарониданд, эътирозҳо мекарданд, барқияҳо мефиристоданд ва таҳдидҳо менавиштанд, вале-

Адвокат – вакили дифоъ.

пешина
аз 435
навбатӣ