Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кин натиҷае намегирифтанд, – микрофони Кӯча ҳамаи онро анойигӯйи дами наъзи коммунистон медонист, ва ба инобат намегирифт, ва микрофони Қаср ҳамаи онро барои салоҳи рӯзгори халқ истифода бурда наметавонист; ва диданд, ки микрофони Қаср қудрату қувваи ҳимояи давлати қонуниро надорад, ҷамъ шуданду хестанду омаданд ба пойтахт, ва арзи вуҷуд кард майдони Озодӣ, ва муқобил истод ба майдони Шаҳидон.
Ва Дилмурод дар хобгоҳи фабрикаи бофандагӣ, дар сари ҷари Хлопзавод, дар паҳлӯи роҳи оҳан мезист, ва Қодир дар хобгоҳи омӯзишгоҳи касбу техника, дар микрорайони сиву сейум; ва идораи адвокатура дар пушти бинойи театри опера ва балет воқеъ буд, ва онҳо ҳангоми ба идора рафтану омадан чору ночор аз дуру наздики майдонҳо мегузаштанд.
Ва майдонҳо ба ӯрдугоҳҳо шабоҳат дошт, – хаймаҳойи хурду калон, парчам, ситод, посбонҳо, ошпазҳо, кундакафонҳо, оббиёрон, дегу табақшӯён ва озуқабиёрон, ва фақат микрофону нотиқон ба рисолати ӯрдугоҳ намеғунҷид, зиёдатӣ буд.
Ва ҷавонони бокитфу бозу ва ҳуйгард ва ҷангара дар байни тӯдаҳойи ҳар ду майдон ва гирду атроф шотирона мегаштанд; ва як қисми онҳоро Насруллову Диёршоҳу Фахрирекету Амиртаксӣ ёфтаву ба кисаҳояшон пул андохта меоварданд, ва як қисмашон мавридро мувофиқ медиданд, ки зарби мушташонро нишон бидиҳанд.
Ва Волдамир дар хилватхонаи Порт-Саид бо Насрулло ва дар боғи Дӯстии халқҳо бо Диёршоҳ ва дар кӯли Комсомол бо Фахрирекет ва дар ресторани Зарафшон бо Амиртаксӣ танҳо ба танҳо нишаст, ва зиёфати шоҳона орост, ва бастаи пулро пешпардохт дод, ва ба ҳар кадомаш ҳамон як супоришро такрор кард:
– Мо бо мардуме сару кор дорем, ки таги гапро кофта намегарданд. Умуман, мардуми омии ҷаҳон, ба ҳукми аксарият, ақли таҳқиқу таҳлил надоранд. Асири зоҳиру айнулвақт ҳастанд. Ҳозирбинанд. Силоҳи бурандаи мову шумо ҳамин хислат аст. Фақат устокорона истифода бурдан лозим.

пешина
аз 435
навбатӣ