ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар мавридаш, ба иззати нафсаш расонда. Масалан, дар майдони Озодӣ хабар паҳн мешавад, ки дар майдони Шаҳидон гуфтанд: «Дар он ҷо овоза паҳн мешавад, ки дар он ҷо ҳама коммунистону кофирони беимон ҷамъ омадаанд». Ва дар майдони Шаҳидон овоза паҳн мешавад, ки дар майдони Озодӣ гуфтанд, ки «Нест бод дини ислом!». Мешавад пешдаргирон. Он тарафаш ҳезумкаши бисёре ба алов ҳезум мепартояд, аланга мезанад.
Ва дар оғози воқеъаҳо, дар иғвову фитнаи муқобили арманҳойи гуреза, ки гӯё давлат ба онҳо хона додааст, Волдамир якто буд, ва баъди балвойи чил шабонарӯзаи Кӯча, онҳо аз мамлакатҳойи дигар ҳам омаданд, ва Волдамирҳо бисёр шуданд, ва ҳар яке ба манфиати мамлакати худаш вақту маблағ сарф мекард, валекин усули корашон як хел буд, ҳамон усули иғво андохтан, ва мубаллиғони фитнагар ёфтану харидан, ва ошӯбҳо барангехтан, ва ҷанг андохтан, ки аз замони ҳазрати Одам то ба ҳол истифода бурданду истифода мебаранд.
Ва алҳол ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон майдони васеъ ва шароити муносибу мувофиқ ёфта буданд ва фаъолона амал мекарданд.
Ва майдонҳо одамҷӯшак буд.
Ва Президент сарвазиру ҳашт ҷонишинашро меҷусту намеёфт.
Ва Шӯройи Олӣ сессия даъват мекарду маҷлис гузаронида наметавонист.
Ва коммунистонро дар шаҳри Душанбе ва водии Вахш, дар кӯчаҳо дошта ба таҳхонаи масҷиди Ҳоҷӣ Ёқуб ва ё ба таҳхонаи театри Лоҳутӣ бурда лату кӯб мекарданд. Ва ҳамсояи Қодир дар Вахш, дасту по ва сару гардани пур аз ҷароҳаташро нишон дода, ба ӯ нақл кард, ки «мо ду нафарро аз сари роҳ гирифтанду бурданд ба ҳаммоми совхози Туркманистон. Дӯғу пӯписа карда шатта заданд.
Як барзангиаш аз ҳамроҳи ман пурсид:
– Ту аз ҳамонҳо?!
– Чоркитоб занад ман аз онҳо не, – ҷавоб дод ӯ.
– Ту аз ҳамонҳо?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор