Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Китоб муқаддас будаст назди инҳо, гузаронидам аз дил, ва гуфтам:
– Китобхона занад ман аз онҳо не.
– Дурӯғ мегӯяд! – шиддат кард, – баред, ҷазояшро диҳед.
Бурданд ба кунҷи нимторик. Ба ҳамин минвол гирифтор карданд.
Ва дар Душанбе, дар чорраҳаи Универмаги марказӣ, тӯп пайдо шуд, ки милаш тарафи майдони Озодӣ буд, ва Дилмурод ба Қодир тӯпро нишон дод:
– Бин! Бӯйи ҷанг меояд.
– Ҷанг кайҳо сар шудагӣ, – бо алам абрӯ чин кард Қодир. – Фақат ҷанги беқойида. Фронт надорад… Биё, ба кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ меравем.
Ва рафтанд, ва котибро ёфтанд, ва дарди дил гуфтанд:
– Шумо эълон кардед, ки бетараф ҳастед. Ин чӣ маъно дорад? Бетараф ба аъзоёни ҳизб? Бетараф ба тақдири халқ? Бетараф ба давлату давлатдорӣ? Бетараф ба ин ду майдони ба хуни якдигар ташна?
– На ину на ону на ваяш. Мо бетараф ба даъвойи Кӯча.
Бетараф ба талошҳое, ки сиёсати давлатиро мехоҳанд дар кӯча, бо шӯришу балво муайян бикунанд.
– Гирифтем, ки мавқеатон дуруст. Пас, оқибати кори майдонҳойи хунталаб то куҷоҳо меравад? Пас, пеши роҳи бо шӯриш ва зӯрӣ муайян кардани сиёсати давлатиро кӣ мегирад?
– Давлат ҳаст. Ҳукумат ҳаст. Чораашро бинад. Роҳашро ёбад. Ҳизби коммунистӣ дар сари қудрат нест. Ҳатто молу мулк надорад. Ҳамаашро мусодира карданд. Ҳамонҳо пеши роҳашро гиранд. Вазифаи мо нест хобондани шӯриш.
– Мегуфтем, ки коммунист гӯем, халқ дар назар аст, халқ гӯем, ҳизби коммунистӣ дар назар аст. Акнун ки ба сари халқ бало омадааст, мегӯем, ки мо бетараф. Мо бетараф, кумитаи амнияти миллӣ бетараф, вазорати корҳойи дохилӣ бетараф, сарҳадбонон бетараф, охир, халқи заҳматкаш, ки ҳамаи ин кумитаву вазоратҳоро мехӯронаду мепӯшонад, ягон тарафдору тарафгир дорад ё не?!

пешина
аз 435
навбатӣ