ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Мо аз ноилоҷӣ ба чунин қарор омадем. Коммунистони содиқ, маълум шуд, ки хеле кам будаанд. Коммунисти даҳониву коғазӣ бисёр будааст, ки барои ақидаву ғоя не, барои ба мансабе расидан билети коммунистӣ гирифта будаанд. Ҳамаашон аз сотсиализму коммунизм рӯ гардонданд. Вазорату корхонаҳоеро, ки роҳбараш буданд, арзонакак ба номи худашон гузаронида хусусӣ карданд.
Ҳизб беқувват шуд. Алҳол на қудрати идеологӣ дорад, на сиёсӣ ва на иқтисодӣ. Лоилоҷ дар мавқеъи бетарафӣ истодааст.
Аммо амнияту вазорат дурӯғ мегӯянд. Онҳо бетараф нестанд. Ҳар кадомаш ёру дастгири одамони воҳаи худаш.
Ошкору пинҳон «ҳо бале» гуфта гаштаанд. Вонамуд мекунанд, ки дар хидмати халқу давлат ҳастанд, вале дар амал фикру зикрашон ягон авлоди худро раису вазир кардан.
Ва раисону вазирони қонунӣ ба ном зиндаву дар кор ба мисли мурда буданд, ва ба ном фидоиёни майдони Шаҳидон, шаҳрро бесоҳиб дида, зина ба зина соҳиб мешуданд, – аэропортро гирифтанд, вокзали роҳи оҳанро гирифтанд, ва дар роҳҳойи даромаду баромади шаҳр посбонҳо монданд, ва милисаи ин мавзеъҳо низ бо раводиди онҳо кор мекарданд; ва онҳо як самолётро аз парвоз нигоҳ доштанд, ва ҳафт мансабдору вакили шӯройи олиро зери мили автомати Калашников аз он фуроварданд, ва ба мошини навбатдори милиса шинонданд, ва милиса хурсанд шуд:
– Оҳо, одамони калон-калонро дастгир кардед! Ба Лидер гӯед, ки мо мардак барин, ҷонфидо, дар хидмат истодаем. Ҳаққи моро фаромӯш накунанд. Ҳисоби мо ҷудо.
Ва силоҳдорон «мегӯем, албатта, мегӯем»-гӯён асиронро бурданд ба таҳхонаи масҷиди Ҳоҷӣ Ёқуб ва истинтоқ карданд, ки «чаро дар маҷлис масъалаи истеъфойи сарвазирро бардоштед?!» Ва заданду шилҳа гардониданд, ва бо таҳдид, ки «ҷонатон ширин бошад, минбаъд паси ин корҳо нагардед», се шабонарӯз гуруснаву ташна нигоҳ доштанд, ва баъд ҷавоб доданд.
Ва Президент, ки ба хабари «хонаи ҳукуматро гирифтанд, ҷавоб дода буд, ки «меомӯзем, мебинем, реактсия нашавад!», ва ба хабаре, ки «таҳхонаи театри Лоҳутӣ ҳабсхона шудааст», ҷавоб дода буд, ки «меомӯзем, мебинем, реактсия нашавад», оқибат омӯхту диду хулоса баровард, ки Гвардияи миллӣ таъсис бидиҳад, ва ба фармони ӯ, ва асосан аз ҳисоби мардуми майдони Озодӣ, Гвардияи миллӣ таъсис ёфт, ва ба ҳаштсаду ҳафтод афсару аскар ҳаштсаду ҳафтод автомати Калашников, ва сари одаме понздаҳ – бист тир доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор