ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва майдони Шаҳидон ҳамон бегоҳ як КАМАЗ пуропури силоҳ оварда дар ҳавлии масҷиди Ҳоҷӣ Ёқуб фуровард, ва ҳамон шаб ба бинойи Кумитаи радио ва телевизион ҳамла овард, ва ғасб кард, ва милиса ғайб зад.
Ва гурӯҳи миёнаравон, ки як ҳафта боз байни ҳукумат ва майдони Шаҳидон, рафтуомад доштанд, ва роҳи муросоро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ нашавад, хунрезӣ нашавад, ва ҳарчанд ки дар Душанбе ва Вахш кайҳо хуни ноҳақ рехта буд, аз сӯҳбатҳо рамуз гирифтанд, ки ҳеҷ тарафе ҳавасманди ҷанг нест, ва ҳамаи Лидерҳо сулҳу салоҳро беҳтар аз ҷанг медонанд, ва фақат лозим аст, ки забони якдигарро ёбанд, то ки хусумат аз байн бардошта шавад; ва барои хусуматро аз байн бардоштан Комиссия таъсис доданд, ва нӯҳ нафар аз ҳукумат ва панҷ нафар аз майдони Шаҳидон ва чор нафар миёнарав аъзо шуданду ба кор сар карданд.
Ва Комиссия дар баҳсу талош бо Лидерон роҳу равиши муросоро таҳқиқу таҳлил мекард, ва майдони Озодӣ норизо буд, ки «аз мо дар комиссия касе нест», ва майдони Шаҳидон зӯру зафар нишон медод, ки «гуфтаи мо шавад!»
Ва бе рухсати майдони Шаҳидон ба шаҳр омадан ва аз шаҳр рафтан мумкин набуд; ва майдони Шаҳидон ба ҳукумат амр медод, ки фалон қарор даркор аст, ё даркор нест; ва шӯройи олӣ бо маслиҳати майдони Шаҳидон кадрҳоро ҷобаҷо мекард; ва… ва генерал, мушовири ҳарбии Президент, бо аскаронаш ба тарафи майдони Шаҳидон гузашт, ки чорсаду панҷоҳ автомати Калашников, бисту шаш ҳазор тир ва чор мошини зиреҳпӯш дошт, ва бо радиову телевизион ба мардум муроҷиат кард, ки «ман эшонзода ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор