ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Чунин рӯзи пирӯзиро аз кӯдакиам орзу мекардам. Инак, ба орзуям расидам», ва майдон бо ҳайуҳуй ва нидоҳойи «Қаҳрамон! Фарзанди ҷоннисори миллат!», яку якбора ӯро вазири мудофиа интихоб кард; ва фидоиёни майдон, ғарқи ғурури ғалаба, ба шӯъбаҳойи вазорати дохилӣ дар районҳо ҳуҷум карданд, ва дар ду рӯз дусаду ҳафтоду панҷ автомат, яксаду ҳаштод туфангча ва даҳ мошин, ва се БТР-и ДОСААФ-ро ғанимат гирифтанд, ва милиса муқовимате накард; ва гурӯҳи фаврии давлатӣ, ки дар мавридҳойи зарурӣ мебоист ба душман аввалин шуда зарба бизанад, бо дастааш биомаду ба майдон таслим шуд, ки «амаки ман роҳбари ғоявии шумост. Ман ҳам бо шумо ҳастам»…
Ва майдони Озодӣ аз риояи қонун ва аз сулҳу салоҳ гап мезад, ки «мо барои ҷангу ҷидол наомадаем. Мо омадаем, ки давлату ҳукумат қонунӣ бошад. Аз рӯйи конститутсия ва қарорҳойи конститутсионӣ кор кунад. Ҳаққу ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро ҳимоя бикунад».
Ва майдони Шаҳидон, ки мусаллаҳ буд, ба майдони Озодӣ фишор меовард, – дили шаб се фидойӣ дуздона ба кинотеатри Ҷомӣ даромаданд. Одамон дар толор қатор-қатор хобиданд. Онҳо дар се тарафи толор бо пуфакҳойи сохта доруйи дӯст пош доданд, ки ин доруро барои куштани ҳашароти кишти пахта истифода мебаранд; ва рӯзи дигар ҳамин доруро ба дегҳойи таъом андохтанд…
Ва ба шӯройи олӣ хабар омад, ки дар деҳаи Олий Совет ба мошинҳое, ки барои мардуми майдони Озодӣ нону об мебурданд, силоҳдорони ниқобпӯш ҳуҷум карданд; ва Раис ба вазорати корҳойи дохилӣ телефон кард, ки гӯшакро навбатдор гирифт:
– Ба ман вазир даркор!
– Вазир ба кори муҳиме банд.
– Ҷонишинашро гӯед.
– Вай ҳам банд.
– Охир ягонтаашонро ёбед!
– Дӯғ назанед! Гуфтам, ки ҳамаашон банд. Намефаҳмед?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор