Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва раис боз ба чанд ҷо занг занг зад, ва оқибат Сарвазирро ёфт:
– Дар деҳаи Олий Совет ҷанг. Одамони бесилоҳро кушта истодаанд. Ягон илоҷашро…
Сарвазир:
– Шумо ба ин корҳо овора нашавед. Вақти ин корҳо нест. Кӣ киро куштаст, ба ман чӣ?
Ва миёнаравон, бо аъзоёни Комиссия, таҳрири ҳуҷҷатро анҷом доданд, ва мебоист барои имзо кардан назди Президент мебурданд.
Ва ҳуҷҷат ба ин тартиб буд : (Айнан, бе таҳрир).
Протоколи созиши байни Раиси ҷумҳур, Девони Вазирон, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ҷунбишҳои мардумии Тоҷикистон
Аз тарафи ҳукумат протоколро имзо карданд:
(нуҳ нафар) Аз тарафи намоишгарони майдони Шаҳидон ва азҳоби сиёсӣ:
(панҷ нафар) Шахсони миёнарав:
(чор нафар)

Раиси Ҷумҳур ҳамчун кафили ваҳдату якпорчагии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсӣ
ва барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ бо назардошти талабҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ҷунбишҳои
мардумӣ

Қарор мекунад:

Сафароии кунунии нирӯҳои сиёсӣ, миллӣ ва мазҳабиро ба назар гирифта, Ҳукумати Муросои миллӣ таъсис дода шавад, ки он дорои ҳуқуқу салоҳияти васеъ мебошад.
Ҳукумати мазкур бар асоси принсипҳои зерин фаъолият мекунад:
Даст кашидан аз зӯроварӣ, яъне эълон мешавад, ки Ҳукумати Муросои миллӣ, аввалан, барои пароканда кардани гирдиҳамомадагон силоҳ истифода намекунад ва сониян, аз ҳамагуна таъқиби онон (таъқиби ҷиноӣ, миллӣ ва интизомӣ) барои иштирокашон дар гирдиҳамоиҳо худдорӣ мекунад.

пешина
аз 435
навбатӣ