ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Чораҳои таъҷилӣ дар татбиқи амалии ин принсип:
1(а). Миёни нирӯҳои ба ҳам муқобил фавран оташбас эълон мешавад; 1(б). Фармони пешинаи Раиси Ҷумҳур дар бобати ташкил додани баталони махсус бекор карда мешавад; 1(в). Ҳамаи нирӯҳои ба ҳам муқобил фаврӣ ва бечунучаро бесилоҳ карда мешаванд; 1(г). Муҳосираи майдони ҳавоӣ (аэропорт) ва истгоҳи қатора (вокзал) бас карда мешавад; 1(д). Кохи Раиси Ҷумҳур ва Девони Вазирон, инчунин студияи телевизион аз тазоҳуркунандагон озод карда мешавад.
Омода сохтани заминаҳои давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон, дахолат накардани давлат ба фаъолияти мазҳабии қозиёт ва низ ба фаъолияти сиёсии давлат дахолат накардани қозиёт.
Таъмин кардани баробарии ҳуқуқӣ ва хизматии сиёсии ҷамеи ҳизбҳо, созмонҳо ва ҷунбишҳои мардумӣ, аз ҷумла даст кашидан аз манъи ҳизбу созмонҳо дар сурати амали онҳо дар чорчӯбаи қонун.
Таъмин кардани ҳамзистии бародаронаи тамоми мардумони гуногунзабону гуногунмазҳаб, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҷамеи халқҳо, аққалиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ.
Таъмин кардани озодии сухан, фаъолияти озодона ва холисонаи ҳамаи расонаҳои ахбор, аз ҷумла, ширкати Садою Симо, ки низ минбари озод эълон карда мешавад.
11. Азбаски ҳайат ва ваколатҳои Шӯрои Президентӣ ягон тарафи муқобилро қонеъ намекунад, ин дастгоҳ барҳам дода мешавад ва ба ҷояш Мушовараи Олӣ аз ҳисоби намояндагони обрӯманду салоҳиятдори давлат, улум, фарҳанг ташкил карда мешавад, ки дар ҳузури Президент ва Ҳукумати Муросои миллӣ амал мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор