Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи дифоъ ва Ҳукумати Садою Симо ба Ҳукумати Муроси миллӣ тобеъ карда шавад.
    1У. Бо назардошти вазъи муташанниҷи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва ба хотири таъмини сулҳу салоҳ дар ҷомеа тақозо мешавад, ки ноиби Президент ва раиси Кумитаи дифоъ ва раиси Кумитаи Садову Симо фавран ба истеъфо раванд. Масъалаи истеъфои раиси Шӯрои Олӣ ва прокурори кулл дар сессияи фавқулоддаи Шӯрои Олӣ гузошта шавад.
    У. Раёсати азҳоби сиёсӣ ва созмону ҷунбишҳои мардумӣ ҳамзамон бо ба имзо расидан ва ба амал татбиқ шудани нуктаҳои Протоколи мазкур, ки бояд зери назарати тарафайн сурат гирад, а) барои фавран ва комилан озод кардани майдони Шаҳидон ва Озодӣ чораҳои муассир меандешанд; б) то охири соли 1992 ҳамагуна гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳоро бас мекунанд(ба ҷуз маъракаҳои пешазинтихоботӣ).
    Эзоҳ: Моддаҳои 1а, 1б, 1в, 1г, 1д ҳамзамон бо имзои протоколи мазкур иҷро мешаванд.
    Ва Президенти беқасру бекӯшк ва бевазорату бесадорат ва беваколату бесалоҳият, дар бинойи Кумитаи амнияти миллӣ паноҳ бурда буд ва дар идораи раиси Кумита нишаста қандчой мехӯрд; ва шабона ноибаш ва раиси Шӯройи Олиро даъват кард, ва онҳо омаданд, ва ӯ гуфт:
    – Сардори ҳукуматамон бо сардорони майдони Шаҳидон Протокол тартиб додаанд. Бинем, ки дар он чиҳо навишта бошанд?
    Ва интизор шуданд.
    Ва соати дуйи шаб раиси Кумита Протоколро овард, ва шарташро ҳам таъкид кард:
    – Агар протоколро имзо накунед, ҳамин шаб ба майдони Озодӣ ҳуҷум мекардаанд. Як нафарро зинда намемондаанд.
    Ва Президент аз баҳри ноибашу раиси Шӯройи Олӣ гузашт ва ба протокол имзо монд.
пешина
аз 435
навбатӣ