Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ноиби президенту раиси Шӯройи Олӣ ҳам бо андешаи «сулҳи нимкора беҳ аз ҷанги бекора» протоколро имзо карданд.
Ва протоколро бурданд, ки дар майдонҳо хонанд, бо радио шунавонанд, бо телевизор нишон диҳанд; ва ноиб аз Президент пурсид:
– Ҷаноби Президент, мо чӣ кор кунем?
Вай ҷавоб дод:
– Ман намедонам, ки шумоён чӣ кор мекунед!
Ва Президент бо раиси Кумита ба дарун, ба хонаи фароғат даромаданд, ва пас аз андаке як нафар аз берун омад ва ба онҳо гуфт:
– Шумоён, ҳамчун шахсони бемансаб, ҳуқуқи дар бинойи кумита истодан надоретон.
Ва аз берун садойи тир меомад…
Ва майдони Озодӣ Протоколро хуш қабул накард, валекин дар майдони Шаҳидон ҳангома барпо шуд, – табрику тантана карданд, ки ғалаба кардем, ғолиб омадем, ба муроду мақсадамон расидем.
Ва роҳбарони ҳизбҳову созмонҳову ҷунбишҳойи ғолиб, бо ҳамроҳии ҷондорҳойи мусаллаҳ, ба бӯстонсаройи ҳукуматӣ рафтанд, ва ба машварат нишастанд, ва мансабҳойи давлатиро тақсим карданд. ки баҳсу талошашон тӯлонӣ ва душвор ҳал шуд, чунки фаъолони мансабталаб бисёр, вале шумори мансабҳо камбуд; ва якуним рӯз номнавис карданду хат заданд, навиштанду кӯр карданд,ва ниҳоят, ба ифоқа омаданд, рӯйхати номи одамҳо ва мансабашонро тасдиқ карданд, ва мансабгирифтаҳо шоду хурсанд ба хонаҳояшон рафтанд; баъди рафтани онҳо се нафар Лидер рӯйхатро гирифтанду таҳрир карданд; ва вақте ки фармони Президент дар рӯзномаҳо чоп шуд, чор нафар ҷустанду номи худро наёфтанд, ва ба ситод омаданду сабаб пурсиданд, ва ҷавоб гирифтанд, ки:
– Ҷангро мо кардем. Давлатро мо гирифтем. Мансабҳоро ба шумо диҳем?!
Ва инҳо дар табаддулот фаъоли фаъол буданд, аммо аз билоди онҳо набуданд.

пешина
аз 435
навбатӣ