Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Дилмурод ҷониби редаксияи рӯзномаи «Садом мардум» мерафт, ва дилаш намекашиду пояш мерафт, ва Ҳайдар сармуҳаррир шуда буд, ва ҷондори мусаллаҳ дошт, ки Дилмуродро дар долон нигоҳ дошт:
– Куҷо меравед? Пропуск доред?
– Не, надорам. Лекин ба Ҳайдар коре дорам.
Ва ҷондор номи ӯро пурсиду дарун рафт ва баргашта омаду дарро нишон дод:
– Дароед.
Ва Ҳайдар ӯро хушнудона ва дар айни ҳол ғолибона пешвоз гирифт:
– Хуш омадед. Ман медонистам, ки шумо дар таҳти дилатон ҳамеша тарафдори мо ҳастед. Аз ин тараф гузаред.
Ин ҷо шинед. Рӯ ба рӯ беҳ аз паҳлӯ.
Ва онҳо сари миз рӯ ба рӯ нишастанд.
– Ман ба муборакбодӣ наомадаам, – Дилмурод аз кисабағалаш рӯзномаи чорқатро бароварда пешаш монд. – Шаб ҳамин газета хондам, шабҳойе, ки дафтарҳойи куҳнаи меросиро мехондем, ба ёдам омад.
– Он шабҳо фаромӯш намешаванд. Он баҳсҳо низ фаромӯшшуданӣ нест. Бахусус, баҳсҳо аз ғафлату ҳиммату ғайрату хубу бади хислатҳо, аз оқибати бетарафиву бепарвойиҳо, аз… эҳ, кадом яктаашро мегӯед?!
– Аз дардҳо, ки дармонашро наёфтаанд. Ё оқиле ёфтаст, вале халоиқ қабул накардааст. Ҳатто ӯро душман гирифтааст. Аз зиндониву бадарға кардани вай шод ҳам шудаанд.
Ба ёдатон бошад, дар ҳамон дафтарҳойи куҳна, баъди диданҳову карданҳо, дар ду маврид, ба хулосае омаданд, ки «хислати мардумро дигар кардан даркор». Ба ин маънӣ, ки бо ин донишу бинишу фаҳмише, ки дорем, ба манзили мурод намерасем. Ба мо як бинишу донишу фаҳмиши дигаре даркор, ки муттаҳид бишавем, то ки ба муроду мақсадамон расида тавонем.
– Албатта, ба ёдам ҳаст. Ҳасратхӯриҳоямон ҳам ба ёдам ҳаст, ки бӯйи ғуломӣ аз биниамон нарафтааст. Ба тақдири мулку миллат аз паси панҷа менигарем. Аз гузашти рӯзгор баҳра намебардорем.

пешина
аз 435
навбатӣ