Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Панд намегирем. Ҳарчанд Рӯдакӣ ҳазору анд сол пеш гуфта буд, ки рӯзгор саросар панд аст.
Ҳамааш дар ёдам ҳаст.
– Рӯдакӣ «агар дуруст нигарӣ» ҳам гуфтааст. Ҳамин «дуруст нигаристан»-ро мо маърифат кардаем, ё не? Агар кардаем, натиҷааш ку? Агар накардаем, сабабаш чист? Ба андешаи ман, рӯзгор, бечунучаро, Бузург устодест! Аммо барои фаҳмидану ибрат гирифтан ва дар зиндагии рӯзмарра истифода бурдани таҷрибаи Ин Устоди Бузург, ақлу фаросат ва илму фарҳанг зарурат дорад, ки ба ғавраш расида битавонӣ. Бигирем, воқеъаҳойи рӯзҳойи худамонро. Масалан, шумо. Андаруни ҳамаи ин ҳодисаҳо ва воқеъаҳо ҳастед.
Агар «дуруст нигаред» сабабу натиҷааш муттаҳидиву ободист, ва ё парешониву вайронӣ?
– Шумо аз моҳ омадаед? Намедонед? Сабабаш, ҷабру ситами коммунистӣ, беҳуқуқиву бенавойии халқ, аз асли худ ҷудо шудани миллату давлат, коҳидани ахлоқ, сӯхтани фарҳанг ва амсоли ин ки худатон нағз медонед. Натиҷааш, озодӣ, ҳуқуқи худро шинохтан, осудаву серу пур зистан, ба асли худ баргаштан, миллату давлат шудан, фарҳанги мурдаро зинда кардан ва амсоли ин.
– Агар боз дурусттар ва холисона нигарем, ҷабру ситами замони манғитиён, нисбат ба даврони шӯройӣ, агар ҳазор бор нагӯем, садҳо маротиба зиёдтару сахттар буд. Он беҳуқуқиву бенавойӣ, ки дар замони манғит буд, даврони шӯройӣ аз беху бунаш барҳам дод. Миллату давлат асле надошт. Ном ҳам надошт. Фарҳанг дар чорчӯбаи дуъову фотиҳа, он ҳам бо забони ғайр, маҳдуд буд. Даврони шӯройӣ ба миллат ва ба давлат ном дод. Фарҳангро оммавӣ кард. Аз зерхонаҳо баровард. Бо нусхаҳойи зиёд чопу паҳн кард. Муқоиса бикунед, кадомаш хуб, кадомаш бад? Кадомаш озодӣ, кадомаш ғуломӣ?
– Шумо тафаккуратон тафаккури коммунистӣ.
– Биёед, ин тамғаҳойи коммунистӣ, капиталистӣ, демократӣ, бозоргониро як тараф монем. Аз воқеъияти рӯз, аз рӯзгори имрӯзаи мардум гап занем. Воқеъият чунин аст, – сари минбар пуропури адолат, ғами оромии мамлакат, серу пурии миллат, талабҳойи озодии виждону матбуот, мубориза ба ҳамагуна зӯровариву ғоратгариву хиёнат.

пешина
аз 435
навбатӣ