ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Аммо дар паси минбар ба кадом корҳо машғулем? Камондор бекамонро мекушад, аз хонаву дараш пеш мекунад, мошинашро мегирад; мулк ноором, халқи арасоте гурезону гуруснаву ташна; аҳли савдо ва хоҷаҳойи навбаромад, молу мулки давлатро муфту осон молу мулки худ кардаанд. Онҳо аз он пулу моле, ки ба ғорат бурдаанд, ба шумо долия медиҳанд.
Маблағу мавод медиҳанд. Шумо ҳазар намекунед. Мегиред.
Боз таъриф ҳам мекунед. Боз ҳимоят ҳам мекунед. Ҳамаи ин ба адлу адолат ва беҳбуди рӯзгори халқ ягон алоқае дорад?
Ягон муносибате дорад?
– Шумо як ҷиҳати муҳими масъаларо фаромӯш кардед.
Воқеият ин аст, ки табаддулот шуд. Инқилоб шуд. Сиёсату муносибат дигар шуд. Ҳамаи ин ба осонӣ нашудааст. Бо осоиштагӣ ҳам намешавад. Зарар мерасад. Хун мерезад. Хароҷот дорад. Пулу молро алҳол кӣ медиҳад, – дузд медиҳад, ғоратгар медиҳад, аҳамият надорад. Муҳимаш ин ки ҳизбро дастгирӣ мекунад. Ҳокимиятро пурра ба даст гирем, баъд пасту баландашро ҳамвор мекунем. Охир, ин корҳо ҳарифонахӯрӣ нест! Инқилоб аст!
– Инқилоб! Ба хотири чӣ? Ба манфиати кӣ?
– Ба хотири халосӣ аз зулми коммунистон. Баройи ба асли худ баргаштан. Ба манфиати мулку миллат. Ба хотири аз хоби гарон хезондани заҳматкашон.
– Фаҳмо. Ба ҳасрати салтанати манғитиён.
Ва Дилмурод рӯзномаи пешашро кушоду паҳн кард:
– Газетаи шумо. Ана ин ҳарф шиор, – Пирӯзии адлу шарафи мардуми тоҷик муборак! Зери ин шиор ҳар вақт фармонҳойи нав ба нави Президент ва қарорҳойи тоза ба тозаи Ҳукумати Муросойи Миллиро чоп мекунед. Аввал, пирӯзии адлу шараф, яъне чӣ?
– Яъне адолат ғалаба кард бар ҷаҳолат. Шараф ғолиб шуд бар бешарафӣ.
– Чунонки дар кӯчаҳойи Душанбе ва водии Вахш мебинем?
– …….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор