ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Ҳамонҳое, ки ба майдон баромаданд, мубориза бурданд, пирӯз шуданд. Ҳамонҳое, ки тарафдорони моянд.
– Ҳисоб кардед, ки чанд одам ба майдон омад?
– ……..
– Намедонед. Ман ҳисоб кардам. Аз сад ёздаҳ қисми аҳолӣ. Ҳаштоду нӯҳ қисми дигар наомад. Тарафдорӣ накард. Пас, чаро фармону қарорҳойи ёздаҳ фисадро, ки зӯран ба гардани Президент бор мекунед, ва ҳамаи он ғайриқонунист, пирӯзии адлу шарафи мардуми тоҷик, гӯён ҷор мекашед!? Адлу шарафи кадом мардум, дар ҳоле ки ҳаштоду нӯҳ фисадашон муқобил ҳастанд?!
Ва ба Ҳайдар фазо танг омад, ва ҷаҳл ақлро фурӯ бурд, ва одоби сӯҳбатро фаромӯш кард:
– Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?! Ба ман чӣ даъво дорӣ?! Ин ҳама сафсатаро чаро ба ман мегӯйӣ?!
– Ман дар боби ҳамин «сафсатаҳо» мақола навиштаам.
Мехоҳам, ки шумо дар газетаатон чоп бикунед.
– О, ҳушат дар сарат ҳаст?! Ман ҳамин рӯз ин хел мақоларо чоп кунам, фардо онҳо манро зинда ба зинда пӯст мекананд!
Ва прокурори генералӣ панҷ рӯз таку дав кард, вале ба сӯҳбати Президент расида натавонист, – аз хонааш ҷавоб медоданд, ки таги капелнитса хоб рафтааст, ва аз идорааш мегуфтанд, ки банд аст, бо генералҳойи мардумӣ машварат дорад… Ва рӯзе, ки ба қабулаш даромад, вай ба телефон мухтасар ҷавоб медод:
– Мебинем… меомӯзем,. Мебинем…
Ва прокурор як даста фармону қарорро, ки аз рӯзнома бо ҳавсала қайчӣ карда гирифтааст, ба дасти Президент дод:
– Ҳамааш хато. Ҳамааш бесаводона. Ҳамааш ба ягон қонуну қойда рост намеояд. Шумо чӣ гуфта ба ҳамаи ин имзо мекунед?
– Шумо аз ҳоли ман хабар надоред. Аҳволи манро намедонед. Ба ман бисёр душвор. Ҳоло фармон тайёр кардаанд, ки як одамашон ноиби президент шавад. Ё имзо мекунӣ, мегӯянд, ё ки ҷангу хунрезӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор